Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон Худойбердӣ Холиқназар зимни нишасти хабарии имрӯза фоҷеаи дар роҳи Данғара рухдодаро маҳкум намуда, изхор дошт ки “ин воқеъа барои Тоҷикистон падидаи нигаронкунанда аст”.

“Мо аввал фиер доштем, ки ин садамаи нақлиёт аст. Лекин баъд маълум шуд, ки гунаҳкорон аз ҷойи ҳодиса гурехта, ба ҷабрдидагон кумак накардаанд, ки ин аллакай ҷиноят аст. Ҳоло натиҷаҳои тафтишот эълон нашуда, аз ин рӯ, чизеро шарҳ додан мушкил аст. Ҳодисаҳои садамаи нақлиёт бо сайёҳон дар тамоми ҷаҳон рух медиҳанд, мутаассифона, аз ин касе дар канор монда наметавонад”, - гуфт ӯ.

Ба ақидаи Худойбердӣ Холиқназар, табиист, ки чунин ҳодисаҳо ба обрӯву эътибори кишвар таъсири манфӣ мерасонанд.

“Дар баробари ин, ба назарам, ин ҳодиса ба рушди сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ таъсири манфии ҷиддӣ намерасонад. Албатта, ин ҷо ВАО нақш бозида метавонанд, яъне аз кадом нигоҳ, бо кадом ҳадаф ва воқеӣ ин рӯйдод инъикос мегардад”, - иброз дошт номбурда.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода низ зимни нишасти хабарӣ нигаронии ниҳодашро аз ин ҳодиса изҳор намуда, ба наздикону пайвандони фавтидагон тасаллият изҳор кард.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода
Акс аз Asia-Plus

Дар баробари ин раиси Кумита қайд кард, ки ин ҳодиса набояд ба вуруди сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон таъсир расонад. Абдуғаффорзода овозаҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ бобати аз сафар ба Тоҷикистон даст кашидани сайёҳони хориҷӣ баъди огаҳӣ аз ин ҳодиса рад кард.

“Ин овозаҳо беасосанд. Ба дасти мо чунин маълумот нарасидааст. Сайёҳон ба пешакӣ фармоиш додан (бронирование)-и билетҳо ба Тоҷикистон ва саёҳати худ идома медиҳанд”, - илова кард ӯ.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.