“Коронавирус дар Тоҷикистон се моҳ инҷониб вуҷуд дорад... Мо аллакай аз ду давраи муқовимат бо коронавирус дер монда, ҳозир давраи сеюмаш ҷараён дорад”. Дар ин хусус раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров дар саҳифаи фейсбукии худ изҳори назар кардааст.

Ӯ менависад, давраи аввал моҳи январ фаро расида буд, замоне, ки аз соҳибкорони аз Чин баргашта ба дигарон сироят кард ва дар Тоҷикистон гирифтории оммавӣ ба беморӣ – “навъи чинии коронавирус” ба мушоҳида расид.

“Насли калонсоли тоҷикистониён ба сайёҳӣ на он қадар таваҷҷуҳ дошта, муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия боқӣ монданд, ки ин ба нафъи мо шуд... Ва Тоҷикистон давраи аввалро паси сар кард”, - менависад Зойиров.

Марҳилаи дуюм дар Тоҷикистон, ба гуфтаи ӯ, зимни баргаштани одамон аз ҳаҷ ва дигар маконҳо пас аз эълони пандемия оғоз гардид.

“Сарфи назар аз ташкили карантин барои шахсони “баргашта”, бархе аз афроди аллакай сироятёфта бо ҳар роҳу восита (шиносбозиву порадиҳӣ ва ғайра) бидуни карантин ба ҷомеа роҳ ёфтанд. Ва натиҷа ин шуд, ки аз онҳо дигарон сироят ёфта, акнун зуҳури то андозае оммавии илтиҳоби шуш (пневмония) ва баъзе бемориҳои дигар ҷараён дорад”, - шарҳ медиҳад раиси ҲСДТ.

Ба қавли ӯ, эътироф накардани мавҷудияти коронавирус дар кишвар ба шаъну эътибори мутахассисони касбии тиббӣ ва ҳукумат рост намеояд.

“Мо ҳоло дар авҷи нав қарор дорем. Дар Тоҷикистон коронавирус ҳаст. Ин бешубҳа. Он ҳоло ба шакли эпидемия (ҳамагирӣ) зуҳур накардааст. Аксари кулли аҳолии мо тариқи ВАО аз “омӯзиш” гузашта, барои худ қисман реҷаи ҷудо будан аз дигарон ё худ гӯшанишиниро ихтиёр карданд, ки ин моро наҷот медиҳад. Карантин ва ҷудо будан аз дигарон (худинзиво) шарти ягона ва воситаи пешгирии эпидемия аст (бахусус, дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд)”, - чунин мешуморад Зойиров.

Ба гуфтаи ӯ, ин ба буҷети давлатӣ, захираҳои ҳаматарафаи имконпазири моддӣ ва молиявӣ, инчуни имконоти кишвар сарбории зиёд меорад.

“Бо инкори вирус Тоҷикистон аллакай худро аз кумаки таъҷилӣ ва фаврӣ маҳрум кард... Бо ин вирус дигар “бозӣ кардан” лозим нест. Роҳандозии тадбирҳои таъҷилӣ ва фаврӣ, сафарбарсозии ҳамаи имконоту воситаҳо зарур аст, то ки тавассути аз ҳамдигар ҷудо нигоҳ доштани аҳолӣ, таъмини онҳо бо воситаҳои зарурӣ барои ин кор, бепул аз тест гузаронидан ва ғайра эпидемияи коронавирус дар Тоҷикистон пешгирӣ шавад”, - навиштааст Раҳматилло Зойиров.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.