Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо гоҳ гоҳ пешниҳодҳое ба чашм мерасад, ки дар кишвар қарантина ҷорӣ карда шавад. Бо омадани ин вабои бесобиқа истилоҳи "қарантина" вирди забонҳо шуд. Ва чунонки мушоҳида мешавад, он бо шеваҳои мухталиф роҳандозӣ мешавад: қарантинаи пурра (lock dоwn) ва қарантинаи нарм равишҳое ҳастанд, ки фаъолияти корхонаву муассисаҳо, маъракаю маросимҳои фарҳангию иҷтимоиро қатъ карда, аз таҷаммӯи одамон пешгирӣ мекунад то шуюъи ҳамагирӣ коҳиш дода шавад.

Қарантина ба андешаи коршиносон роҳи пешгирӣ аз ҳамагирӣ нест, он танҳо барои муддате паҳншавии вирусро коҳиш медиҳад ва аз ин роҳ фишор бар муассисаҳои тандурустиро кам мекунад. Агар диққат кунем, мебинем, ки дар кишварҳои пешрафта қарантинаҳо ба шакли дуҳафтаӣ роҳандозӣ мешаванд. Ин ба ҳамин мақсад аст, ки дар тӯли ду ҳафта аксари мубталоёни ковид аз бемористонҳо мураххас мешаванд ва барои беморони нав ҷой муҳайё мешавад.

Ҳоло зарурат ба қарантина нест

Иттилоъе ки ба даст мерасад, бозгӯи он аст, ки шиддати ин мавҷи беморӣ дар кишвари азизи мо поён меравад ва бемористонҳои ихтисосӣ барои беморони мубтало ба ковид ба андозаи кофӣ ҷой доранд.

Аз ин лиҳоз роҳандозии қарантина ба маънои мазкур дар марҳалаи кунунӣ зарурат надорад. Бояд таъкид шавад, ки ягона роҳи пешгирии пандемӣ ҳосил шудани масунияти ҷамъист, ки беҳтар аст бо роҳи воксанзанӣ ба даст ояд. Мо ин масъаларо дар ёддоштҳои қаблӣ таъкид карда будем.

Ва аммо дар бораи воксанзанӣ

Одатан воксанро пеш аз шурӯъи мавсими ин ё он беморӣ мезананд, то ин ки бадани одамон пешакӣ ба рафъи патогенҳо омода бошад. Пас аз моякӯбӣ воксан дар давоми ду се ҳафта дар бадани одам масуният эҷод мекунад.

Дар вақти авҷи паҳншавии патогенҳо задани воксан метавонад мушкилро дучанд кунад, зеро хатари ҳамзамон вирус гирифтан ҳам вуҷуд дорад. Яъне рӯҳам рафтани вирус ва воксан ҳоли беморро бамаротиб бадтар карда метавонад.

Бо назардошти он ки ба кишвар теъдоди зиёди воксан ворид шуда маъракаи воксанзании сартосарӣ роҳандозӣ мешавад, шояд як қарантинаи нарм то хотимаи ин маърака муфид бошад. Вале ин қарантина бо барномарезии маъракаи воксанзанӣ бояд ҳамоҳангшуда бошад ва дар як муддати кӯтоҳ анҷом дода шавад.

Нукта: пешгирӣ аз рӯҳам шудани вирусу воксан бисёр муҳим аст, аз ин лиҳоз ҳар нафар ҳадди аққал ду ҳафта пеш ва баъди воксанзанӣ қоидаҳои беҳдоштиро бояд ба шиддат риоя кунад!

Бознашр аз саҳфаи фейсбукии муаллиф.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.