Тоҷикистон яке аз кишварҳое буд, ки дар Бозиҳои Олимпии Токио-2020 ҳеч медале натавонист ба даст биорад. Ин ҷойи нигаронӣ ва таҳлилу баррасӣ дорад. Агар, мудирияти варзиш тағйир накунаду, барномаҳо дигар нашаванду аз варзиш танҳо барои таблиғоту идеология истифода шавад, шояд дар Бозиҳои Олимпии Порис - 2024 ҳам бемедал бимонем.

Туркманистон дар байни кишварҳои собиқи шӯравӣ ягона давлате ҳаст, ки то ҳамин як ҳафта пеш медали Бозиҳои Олимпиро надошт. Рӯзи 27-уми июл вазнбардори 21-солаи рустабор Палина Гурева нахустин медал (нуқра)-и таърихиро ба номи кишвараш рақам зад. Палина пас аз пирӯзӣ изҳор дошт, ки ин медалро барои мардуми туркман ва ҷашни 30 -солагии Истиқлоли Туркманистон ва шахси президент эҳдо мекунад.

Ду моҳ пеш аз оғози Олипиадаи Токио-2020, як гузорише дар бораи корномаи тоҷикҳо ва қирғизҳо дар ин бозиҳо, навишта будам. Бархеҳо ба ин навишта эрод гирифта буданд, ки наход тоҷикҳоро бо қирғизҳо муқоиса кунед!

Вале, мо ҳама шоҳиди он будем, ки ҳамсоякишвари мо дар Токио якбора соҳиби се медал шуд. Маҳмудов Ақжол дар куштии фарангӣ медали нуқра ва Айсулу Танибеков дар куштии озоди занон медали нуқра ва Мерим Джуманазарова низ дар ҳамин намуд нишони биринҷиро соҳиб шуданд.

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов чанд лаҳза баъди маросими медалгирии Ақжол Маҳмудов ӯро шахсан табрик намуд. Зимни табрикот дилбардорӣ кард, ки ту ҷавон ҳастӣ ва соҳиби медали тилло ҳам мешаваӣ. Қирғизҳо, аслан, аз паҳлавонзани худ Айсулуу Танибекова медали тиллоро интизор доштанд. Дар майдони марказии шаҳри Бишкек даҳҳо қирғиз ҷамъ омаданд, ки финали Айсулуро дар баробари намояндаи Ҷопон тамошо кунанд, вале ин бону соҳиби медали тилло нашуд. Дар он ҷамъи тамошобинон, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Тошиев Қамчибек, ки нисбат ба тоҷикон хушбин нест, ҳузур дошт.

Фюҷи, давлати кӯчаке дар Уқёнуси Ҳинд ва Бермуда, давлате дар Уқёнуси Атлантика соҳиби медалҳои тиллои ин бозиҳо шуданд.

Чаро Тоҷикистон аз дар ин Бозиҳои олимпӣ медал нагирифт?


 

Магар сиёсати давлати мо дар бахши варзиш иштибоҳ аст!? Ё маъулини ниҳодҳои самти варзиши мо камҳавсалаанд ва шавқу рағбате ба рушди варзиш дар кишвар надоранд? Ё тақсир ва кӯтоҳӣ ҳамааш дар мураббиёне буд, ки варзишкорони тарбиякардаашон дар Токио муваффақияте надоштанд? Ё гуноҳи худи варзишкорон аст, ки аслан сустӣ ва заифӣ карда, ба медалҳои олимпӣ нарасиданд? Мушкил куҷост?

Шахсан президенти кишвар худ ба варзиш шавқу рағбати зиёд дорад ва аз дастовардҳои варзишкорони тоҷик бисёр хушҳол мешавад. Дар тӯли ҳамин чанд соли ахир, даҳҳо маҷмааҳои варзишии зебо дар гӯшаву канори кишвар сохта шудааст. Чандин сол аст, ки Ҷоизаи вижаи раисҷумҳур барои варзикороне тақдим мешавад, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ соҳиби мақомҳои ифтихорӣ шудаанд.

Яке аз корҳои хубе, ки раҳбари давлат дар ҳамин чандсолаи охир карданд, таъсиси ТВ Варзиш аст. Ҳарчанд камбудиҳои зиёде дар кори ин расона мавҷуд ҳаст, вале дар оммавӣ кардани варзиш дар кишвар, рӯҳбаланд кардани варзишкорон ва муррифии онҳо хидмати шоистае анҷом медиҳад. Воқеан, раҳбари ҷавону доное мисли Парвизи Нориён дар раъси ин шабака барои тарғибу ташвиқи варзиш умедворкунанда аст.

Гузашта аз ин, феълан мураббиён дар ҷомеаи мо мазлумтарин қишр ҳастанд. Ҳатто мураббиёни хориҷии варзишкорони мо маоши хеле кам мегиранд ва ҳамеша аз вазъи баъди иқтисодияшон шикоят мекунанд. Дар бораи мураббиёни дохилиямон ҳоҷати гап нест.

Дар мавриди варзишкорон!

Аввалан бояд бигӯям, ки Бозиҳои олимпӣ мусобиқае нест, ки ҳар нафар битавонад ин ҷо иштирок кунад. Барои роҳ ёфтан ба Бозиҳои олимпӣ варзишкор бояд роҳхат бигирад. Дар бархе намуди варзиш (мисли ҷудо) имтиёз ҷамъ мекунанд ва онҳоро раддабандӣ намуда, дар байни 17 нафари беҳтарини ҷаҳон ва чанд нафари дигар ҳам аз ҳисоби квотаи қоравӣ (он ҳам бояд имтиёзҳои баланд дошта бошад) саҳмияи олимпӣ мегиранд. Комроншоҳи Устопириён, Сомон Маҳмадбеков ва Темур Раҳимов дар 17-гонаи беҳтаринҳои вазни худ қарор гирифтанд. Акмал Муродов аз ҳисоби квотаи қораи Осиё соҳиби саҳмияи олимпӣ шуд.

Аз муштзанони мо, Баҳодур Усмонов ва Шаббос Негматуллоев дар мусобиқаи интихобии олимпии осиёӣ ва Сиёвуш Зуҳуров аз рӯи квотаи намуди Конфедератсия бокси Осиё соҳиби роҳхати олимпӣ гардиданд. Гулсумбӣ Шарипова дар давмайдонӣ меъёри муқаррарнамудаи Федератсияи ҷаҳонии варзиши сабукро иҷро карда, соҳиби роҳхати олимпӣ шуд. Яъне, ин чаҳор ҷудокор, се муштзан ва як намояндаи давмайдонии моро касе саҳмияи олимпӣ ҳадя накардааст ё бо воситаву хешутаборбозӣ ба Токио нарафтаанд.

Инҳо бисёр қаҳрамонӣ карда, заҳмату талоши шабонарузӣ кашиданд, то ба Токио бирасанд. Дар дигар кишварҳо варзишкороне, ки соҳиби саҳмияҳои олимпӣ мегарданд, ҷоизаҳои молии хуб медиҳанд. Барои се нафарӣ ё ду нафар шиноварони мо ҳамеша роҳхати олимпӣ ҳадя дода мешавад ва ин дафъа ҳам ба Ишанов ва Тюрина ҳаққи иштирок дар Бозиҳои олимпиро доданд. Намояндагони варзишҳои қаиқронӣ, куштигирӣ (озод ва фарангӣ) ва таэквандо бисёр заҳмат кашида, вале муввафақ ба касби саҳмия нашуданд.

Расул Боқиев, варзишкоре, ки нахустин медали олимпии даврони истиқлоли Тоҷикистонро овардааст.

Коршиносони соҳаи варзиш аз чаҳор варзишкор-Сомон, Комроншоҳу Темур дар ҷудо ва Баҳодур дар бокс медали олимпиро интизор доштанд. Мутаассифона, паҳлавони хуби мо Комроншоҳ, як моҳ пеш аз сафари Токиикуруно шуд. Худоро шукр, ки аз ин маризӣ саломат берун омад, вале тамоми қувваташ аз байн рафт. Сомон пеш аз мусобиқоти ҷаҳонии ҷудо аз ноҳияи зону осеби ҷиддӣ дид ва бештар аз як моҳ натавонист дар майдон тамрин кунад ва ин дар дараҷаи омадагии ӯ таъсири манфӣ гузошт. Ба ҳар ҳол, ин бачаҳо рӯзу шаб дар тамрин буданд. Бо ҳамин осебдидагиҳо иштирок намуда, мардона мубориза карданд. Темур ва Баҳодур беҳтарин ҳунарнамоӣ карданд. Касе, ки бояд борони интиқоду эрод ба сарашон бирезед, мутмаинан, ки варзишкорон нестанд.

Тоҷикон миллати варзишдӯстдор нестанд?

Тоҷик, барои он ки фарзандаш ба ягон натиҷаи баланди варзишӣ бирасад ҳамаи молу мулкашро мефурӯшад то ба ватанашон ифтихор биёваранд. Тоҷик миллати бисёр варзишкор ва варзишдӯстдор аст. Пас, мушкил куҷост?

Мушкилиҳо дар варзиши тоҷик хеле зиёданд. Ба назари ман, надоштани мудирият ва барномарезии дуруст аз умдатарин мушкилоти варзиши кишвари мост. Агар мо алъон миллионҳо доллар дар ин бахш сарф кунем ва беҳтарин мураббиёни дунёро даъват кунем, вале барнома ва мудирияти дуруст надошта бошем, ҳеҷ гоҳ ба мақсадамон намерасем.

Барномарезиҳои варзиширо шахсони доно ва огоҳ дуруст мекунад ва мудирони бомасъулият ва заҳматкаш амалӣ мекунанд. Шояд баъзеҳо бипурсанд, ки барномарезии дурусташ чӣ гуна бояд бошад?

Масалан, чанд нафар истеъдодҳои хуби варзишкоронро шиносоӣ кунем ва бидонем, ки инҳо натиҷаҳои баланди варзиширо ба даст меоранд, вале дар акси ҳол рӯи нафарҳое сармоягузорӣ ё ҳисоб накунем, ки коре аз дасташон барнамеояд.

Барномарезии нодуруст ин аст, ки варзиши рақами яки кишвар, масалан ҷудо ҳаст, вале мо дар регби ё теннис ё вотерполо ё гимнастикаи бадеӣ таваҷҷуҳ мекунем.

Барномарезии нодуруст ин аст, ки бо як маблағ як варзишгоҳи бузург месозед, вале мешавад дар пули он дар тамоми ноҳияҳои ҷумҳурӣ толорҳои кучаки варзишӣ сохт ва маоши мураббиёнро зиёд кард ва даҳҳо ҳазор варзишкорони хуб тарбия кард.

Мавзуна Чориева, бонуе, ки ягона медали Тоҷикистон аз Бозиҳои олимпии Лондон-2012 овард

Дастаҳои мунтахаби ҷудо, бокс, куштии озод ва фарангии мо мисли лашкарҳои парокандаанд. Дар кишварҳои Русия, Қазоқистон ва Узбекистон дар як сол панҷ шаш бор дар беҳтарин ва хушманзаратарин ҷойҳои кишварашон дастаҳои олимпиро ҷамъ меоранд ва машқҳои дастаҷамъӣ мегузаронанд.

Мудири хуб кист?

Мудири хуб ҳамеша дар ҷустуҷӯи истеъдодҳо ва тайёр кардани барномаҳо барои мусобиқоти ҷаҳонӣ аст. Мураббиёни хубро даъват мекунад ва сарпараст пайдо мекунад. Ҳамеша дар назди Президенти ҷумҳурӣ, Раиси шаҳр ва масъулини дигар обрӯю эътибор дорад. Аз танқиду пешниҳод наметарсад.

Роҳҳои ҳалли мушкилӣ:

1. Бахши варзишро аз Кумитаи ҷавонон ва варзиш ҷудо бояд кард (мисле ки бахши сайёҳиро аз ин Кумита ҷудо карданд);

2. Як шахси варзишдӯстдор, ҷавону пурэнержӣ ва интиқодазиру масъулро ҳангоми таъсиси Кумитаи варзиш бояд раҳбари ин ниҳод таъин кард (ин фикрро қариб тамоми коршиносони варзишӣ таъйид мекунанд);

3.Бисёре аз мудирони кумитаи олимпӣ низ бояд иваз шаванд (ҷобаҷогузории кадрӣ дар асоси собиқаи хуби тахассусию варзишӣ ва касбияту тавонмандӣ роҳандозӣ шавад);

4.Таъсиси як шӯрои машваратӣ дар назди Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иборат аз ҳамаи олипичиёни собиқи тоҷик, мураббиёни дилсӯз, коршиносони варзишии хуб ва рӯзноманигорони соҳаи варзиш (дар ҳар се моҳ як бор аз тариқи онлайнӣ ва ҳузурӣ, ҷаласа ташкил карда, дастовардҳо ва мушкилиҳои варзиши тоҷикро мавриди таҳлилу барасӣ қарор бидиҳанд ва ба Кумитаи миллии олимпӣ ва кумитаи варзиш пешниҳоду раҳнамоӣ кунанд);

5.Дар роҳбарӣ ва идораи федератсияҳои варзишӣ набояд шахсони вазиру тоҷирро гузошт (федератсияҳо ба мудир ниёз доранд на ба вазир ё тоҷире, ки коре аз дасташ наояд).Ин таҷриба дар Тоҷикистон натиҷаи матлубе надод. Вазирону раисон серкоран ва машғули корҳои соҳавӣ. Онҳо бояд  ба унвони сарпараст аз дур мусоидат ва кумаку дастгирӣ кунанд. Гузоштани онҳо дар раёсати федератсиюнҳо фақат корҳоро ақиб мебарад ва қарору тасмимҳои муҳим зуд гирифта намешаванд;

Дилшод Назаров, варзишкоре, ки нахустин тиллои олимпии даврони Истиқлоли Тоҷикистонро овард

6.То шурӯи Бозиҳои олимпии Порис - 2024 бояд зуд тасмим гирифт ва оғоз ба кор кард, то нокомии Токио дар Порис бо се чаҳор медал ҷуброн шавад;

7.Варзишҳои медаловари мо ҷудо, бокс, куштии озоду фарангӣ, таэквандо (втф) ва гурзпартоӣ (ва эҳтимолан самбо) буда, бояд рӯи ҳамин варзишҳо таваҷҷуҳ ва сармоягузорӣ кунем; (фаъолияти Федератсияи ҷудои кишвар дар ин чанд соли охир хеле беҳтар роҳандозӣ шудааст. Барномаи рушди ҷудо дар мактабҳо ва навоҳии дурдасти паҳлавонхез аз беҳтарин амалкардҳои ин федератсия буда, бо ҳамкории Федератсияи ҷаҳонии ҷудо (IJF) бисёре аз толорҳои варзиширо бо гилем (татами) ва ҷудокорони наврасро бо кимано (ҷудогӣ) таъмин намуданд);

8.Дар ҳамаи толорҳои варзишии ноҳияҳои ҷумҳурӣ гурӯҳҳои бокс, таэквандо ва куштии озоди юнони румиро ташкил кунем ва онҳоро бо таҳҷизоти варзишӣ ва мураббиён таъмин кунем;

9.Барои дастаҳои мунтахаби олимпӣ вақти он расидааст, ки мураббии хориҷӣ, чандто духтури самти варзиш, фармокологу равоншинос даъват кунем (бидуни ин корҳо мо дар Бозиҳои олимпии оянда низ медал гирифта наметавонем);

10.Дар ду вазни куштии озод, фарангӣ ва таэквандо метавон варзишкорони легионери хуб пайдо кард, ки истеъдоди медал гирифтан дар қаҳрамонии ҷаҳон ва Бозиҳои олимпӣ дошта бошанд;

11.Пешниҳоди хуби раиси шаҳри Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии кишвар Рустами Эмомалӣ, ки барои медаловарони Бозиҳои олимпии Токио - 2020 ваъдаи хона доданд, таҷдид мешуд ва расман эълон мегардид, ки ин пешниҳоди олӣ барои медаловарони Бозиҳои олимпии Порис - 2024 низ боқист (ин иқдом барои варзишкорон ва мураббиён беҳтарин ангеза мешавад).

Ва пешниҳодҳои дигар, ки сари он бояд баҳс баррасӣ сурат бигирад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.