Мирзо Шамсиев, мураббии дорандаи медали биринҷии Олимпиадаи Лондон Мавзуна Чориева изҳор кард, ки пас аз се ҳафта шогирдаш ба тамрин оғоз мекунад.
Ба қавли вай, табиист, ки пас аз издивоҷи Мавзуна барнома ва нақшаи тамринҳо тағйир ёфта, машқҳо танҳо дар самти омодагии техникиву тактикӣ сурат хоҳанд гирифт.
«Ҳамсарон кӯдакро орзу доранд ва бигзор Худо мададгорашон бошад. Пас аз ба дунё омадани кӯдак тамринҳои Мавзуна то яксолагии тифл қатъ мегарданд. Сипас тамринҳои ҳамаҷониба шояд аз охири соли 2013 шурӯъ шаванд», - иброз дошт М.Шамсиев.
Мураббӣ ҳамчунин зикр кард, ки ҳамсари М.Чориева низ қаблан ба бокс машғул буда, вале овозаҳои дар тамринҳо ҳамчун рақиб қувваозмоӣ кардани ӯ бо Мавзуна воқеият надоранд.
Ёдрас мекунем, ки дорандаи медалҳои биринҷии Олимпиадаи Лондон-2012 Мавзуна Чориева издивоҷ кард. Маросими ақди никоҳи ӯ рӯзи 27-уми октябр дар тарабхонаи «Анохита»-и шаҳри Кӯлоб баргузор гардид. Ҳамсари ӯ хатмкардаи факултаи менеҷмент ва маркетинги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Амон Бобоев аст.
Мавзуна Чориева ваъда дода буд, ки дар Бозиҳои навбатии Олимпиада дар Бразилия соли 2016 барои дастаи Тоҷикистон медали тило ба даст хоҳад овард.
Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Мавзуна Чориева изҳор карда буд, ки ба муддати як сол «варзишро тарк мегӯяд», зеро кӯдак ба дунё оварданӣ аст. «Ҳамсараму оилаашон муқобил нестанд, ки ман бо варзиш машғул бошам, вале ман тасмим гирифтам, ки пас аз ба дунё овардани тифл ба варзиш машғул хоҳам шуд ва ин ба омодагии ман халал намерасонад. Агар дар тақдирам гирифтани медали тило сабт шуда бошад, пас ман онро ба даст оварда, оилаам барои ин монеъа эҷод нахоҳад кард», - гуфт Мавзуна.
Таҳдиди муҷозот барои барои андозбандии беасос. Кумитаи андоз ба шикояти кишоварзон расидагӣ кард.
Сокини Конибодом ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба Украина гумонбар мешавад
Далер Назаров: “Агар шеър менавиштам, мехостам чун Лоиқ нависам...”
Ҷонибек Ҳикмат президенти Шӯрои иҷроияи ЮНИСЕФ интихоб шуд. Ӯ кист?
Ато Мирхоҷа: “Адибони тунуквиҷдон сабаби пайдоиши “шоирону нависандагон”-и қаллоб шуданд”
Кор дар Қатар. Вазорати меҳнат бори дигар рӯйхати касбу ихтисосҳои зарурро нашр кард
Рушди ҳукумати электронӣ. Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар мақоми охир қарор дорад
Байни Хуҷанд ва Новосибирск боз ҳаракати автобусҳо оғоз мешавад
Душанбе: аввалин универмаг, автобус ва ҳайкал кай пайдо шуд?
Ваъдаи 200 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ аз сӯи мақомот барои кумак дар ошкор кардани ду ҳодисаи куштор
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста