Шурӯъ аз 15-уми июн рӯзи шанбеи ҳар ҳафта дар пойтахти ҷумҳурӣ Рӯзҳои варзишу солимгардонӣ баргузор мешаванд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар робита ба инобати дастури сарвари давлат дар мулоқот бо ҷавонон ва бо мақсади рушду инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, оммавӣ гардонидани машғулиятҳои варзишию солимгардонӣ, ҷалби бештари аҳолӣ ба машқҳои сабуки варзишӣ ва дар ин замина таъмин намудани солимгардониву болидарӯҳии сокинони пойтахт қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев содир шуд.
Ба иттилои манбаъ, раиси пойтахт супориш дод, ки рӯзҳои шанбе тамоми иншооти варзишӣ, ки аз ҳисоби буҷети шаҳрӣ маблағгузорӣ мешаванд, барои аҳолӣ ройгон хизматгузорӣ кунанд.
Ҳамчунин мақомоти шаҳрдорӣ аз тамоми роҳбарони сохторҳои давлативу ҷамъиятӣ ва хусусӣ сарфи назар аз шакли моликият, даъват ба амал овард, ки дар кори рӯзҳои шанбе баргузор намудани омодагии ҷисмонии аҳолӣ ва чорабиниҳои варзишӣ саҳм бигиранд.
Таҳдиди муҷозот барои барои андозбандии беасос. Кумитаи андоз ба шикояти кишоварзон расидагӣ кард.
Сокини Конибодом ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба Украина гумонбар мешавад
Далер Назаров: “Агар шеър менавиштам, мехостам чун Лоиқ нависам...”
Ҷонибек Ҳикмат президенти Шӯрои иҷроияи ЮНИСЕФ интихоб шуд. Ӯ кист?
Ато Мирхоҷа: “Адибони тунуквиҷдон сабаби пайдоиши “шоирону нависандагон”-и қаллоб шуданд”
Кор дар Қатар. Вазорати меҳнат бори дигар рӯйхати касбу ихтисосҳои зарурро нашр кард
Рушди ҳукумати электронӣ. Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар мақоми охир қарор дорад
Байни Хуҷанд ва Новосибирск боз ҳаракати автобусҳо оғоз мешавад
Душанбе: аввалин универмаг, автобус ва ҳайкал кай пайдо шуд?
Ваъдаи 200 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ аз сӯи мақомот барои кумак дар ошкор кардани ду ҳодисаи куштор
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста
tojiki14 июн, 2013 11:34
Дар хабар гуфта мешавад, ки тамоми варзишгоххову майдонхои аз хисоби бучет фаъолиятдошта ройгон кор мекунанд. Хамчунин аз намояндагони сохторхои хусуси низ даъват шудааст, ки ба ин кор мусоидат кунанд. Аз ин ру, мутаассифона, имкони манзури руйхати мушаххаси иншооти варзиширо надорем.
Фирдавс13 июн, 2013 16:45
Илтимос руйхати иншоотхои варзиши, ки бепул дар рузхои шанбехизмат менаноянд пешниход кунед.