Варзишгарони ҷавони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон байни наврасону навҷавонон, ки аз 8-ум то 12-уми октябр дар Сеули Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуд, чаҳор медал (1 нуқра ва 3 биринҷӣ) ба даст оварданд.
Дар ин бора Маҳмуди Абдулло, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, имрӯз аз Сеул ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар дода, гуфтааст, «дар ин мусобиқа гуштигирони ҷавон (писарону духтарон) аз 30 кишвари ҷаҳон ширкат доштанд».
Ба гуфтаи ӯ, мусобиқа дар иншооти варзишии «Seoul Student Gymnasium», ки дар он ҷо сабқати муштзанҳо аз рӯи барномаи Олимпиадаи соли 1988 баргузор шуда буд, доир гардидааст.
Ба иттилои Маҳмуди Абдулло, дар сабқати наврасон Фирдавс Насимов дар вазни то 81 кг бо медали нуқра сарфароз гашта, мМуҳаммадризо Қурбонов (-87 кг) ва Хуршед Маҷидов(+87 кг) бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд. «Дар сабқати навҷавонон Муҳаммадҷон Зоидов дар вазни то 74 кг барои ҷойи севум соҳиби медали биринҷӣ гардид», - афзудааст номбурда.
“Шавҳаратро ёфта биёр, пулатро мерӯёнем”. Саргардонии як зан барои рӯёнидани ҳаққи кӯдаконаш аз падарашон
Боздошти як мард бо гумони фиреби хоҳишмандони кор дар Аврупо
“Хабари паҳнгардида асос надорад!”. Милитсияи пойтахт гуфт, ба аҳолӣ тавассути “WhatsApp” паём нафиристодааст
Раиси як ҷамоатро барои “ҳоҷиошӣ” беш аз 57 ҳазор сомонӣ ҷарима ва аз вазифа барканор карданд
Бекор шудани маҳдудият дар фурӯши гази моеъ нархи онро каме поин кард
Дар Ховалинг мактаберо ба номи як қурбонии низои марзии Тоҷикистону Қирғизистон гузоштанд
Ӯзбекистон расмиёти дохилии тартиби соддакунии боркашонӣ бо Тоҷикистонро ба анҷом расонид
Шаҳрвандии Русия дореду дар қайди ҳарбӣ нестед. Метавонед аз шаҳрвандӣ маҳрум шавед
Оё электромобилҳо метавонанд камбуди мавсимии неруи барқро дар Тоҷикистон зиёдтар кунанд?
Зиндагии маъмулӣ пас аз зиндон. Маҳбусони собиқ чӣ гуна ба он бармегарданд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста