Дар мусобиқаи байналмилалии "Умедҳои Твер” оид ба дзюдо байни наврасон, ки 6 сол инҷониб Ҷоми Аврупо маҳсуб мешавад, гуштигирони навраси тоҷик ду медали нуқра ба даст оварданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, мунтахаби ҷумҳурӣ, ки дар ин мусобиқа бо шумули 8 писару як духтар ширкат дошт, дар ҳисоби умумидастаӣ бо 2 медали нуқра ва як ҷойи 7-ум чорум шуд.
Гуфта мешавад, дар сабқати духтарон Шукрона Қарчиева дар вазни то 48 кило мақоми дувумро касб карда, соҳиби медали нуқра гардид. Вай баъди се ғалаба бар Муҳаббат Бӯриева (Русия), Кумушой Соскеева (Қирғизистон) ва Даря Харлапанова (Русия) ба финал баромад. Шукрона дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Фаина Кулиш (Русия) мағлуб гашт.
Дар сабқати писарон Хуршед Маҷидов дар вазни беш аз 90 кило бар се рақибаш – Данила Папсулин (Русия), Санҷар Ҷабборов (Қазоқистон) ва Владимир Костин (Сербия) – дастболо шуда, ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Хуршед дар қувваозмоии ниҳоӣ Кемал Каитови русиягиро шикаст дод ва барои ҷойи дувум бо медали нуқра мукофотонида шуд.
Зимнан зикр мегардад, ки дар ин мусобиқа 295 варзишгар (176 писар ва 119 духтари солҳои таваллудашон 1998-2000-ум) аз 19 кишвар рӯзҳои 4-5 апрел дар шаҳри Твери Русия рақобат карданд. Мусобиқа таҳти сарпарастии Иттиҳоди дзюдои Аврупо ва дастгирии Вазорати варзиш ва Федератсияи дзюдои Русия, ҳукумати вилояти Твер баргузор шуд.
Дар сабқати дурӯза варзишгарон барои 16 маҷмӯи медалҳо мубориза бурданд. Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Русия бо касби 47 медал (16 тилло, 9 нуқра ва 22 биринҷӣ) ғолиб омад. Дастаи Қазоқистон бо касби 7 медал (3 нуқра ва 4 биринҷӣ) дувум шуд. Мунтахаби Беларус бо касби 2 медали 2 нуқра дар мақоми севум қарор гирифт.
“Аҳмади Иброҳим ва дигар рӯзноманигоронро озод кунед”. Талаби ду созмони дифоъ аз рӯзноманигорон аз мақомоти Тоҷикистон
"Ҳар шом, ки ояд, зи пайи он саҳаре ҳаст..." Оё Тоҷикистон то соли 2027 ба истиқлолияти энергетикӣ мерасад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Хари содадил ва рӯбоҳи фиребкор”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 январи соли 2025
Аз Душанбе ба Хуҷанд, Панҷакент, Хоруғ, Кӯлоб ва Бохтар кадом воситаҳои ҳамлу нақл фаъол ҳастанд?
Бонки миллии Тоҷикистон тангаҳои хотиравӣ ва ҷашниро ба фурӯш баровард
“Хонаҳои бесоҳиб"-и шаҳри Истиқлол. Боздошти як нафар барои фурӯши он
Сафкашии сайёраҳо. Сокинони Тоҷикистон рӯзҳои 21-28 январ кадом сайёраҳоро метавонанд бубинанд
Дар беш аз нисфи минтақаҳои Русия фаъолияти муҳоҷирон маҳдуд шудааст
Парвози аввалини хатсайри Душанбе – Панҷакент ба таъхир гузошта шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста