Муштзанҳои тоҷик Мавзуна Чориева ва Шоира Зулқарнаева рӯзи 12 август дар даври ниманиҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба бокс миёни занон, ки дар шаҳри Уланчаби Чин ҷараён дорад, ноком шуданд. Ҳарду муштзани тоҷик, ки аз ҳаққи ширкат дар даври ниҳоӣ маҳрум гаштанд, имрӯз бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида мешаванд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи миллии олмипии Тоҷикистон, Мавзуна Чориева, барандаи медалҳои биринҷии Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2012 дар Лондон ва чемпионати ҷаҳон, қаҳрамони Осиё дар соли 2010, дар рақобатҳо дар вазни зери 60 кило баъди ду пирӯзӣ бар рақибонаш аз Шри-Ланка ва Ӯзбекистон ба нимфинал баромад. Вале Мавзуна дар қувваозмоии ниманиҳоӣ аз муштзани Кореяи Шимолӣ мағлуб шуд.
Намояндаи дигари Тоҷикистон Шоира Зулқарнаева бошад, дар вазни зери 64 кило, ки дар даври муқаддамотӣ рақиби муғулашро шикаст дод, дар даври ниманиҳоӣ бо варзишгардухтари Чин рақобат кард.Шоира низ ба нокомӣ дучор шуда, ба финал баромада натавонист.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон чаҳор варзишгар - Дилафрӯз Зафарова (48 кг), Рухшона Раҳмонзода (54 кг), Мавзуна Чориева (60 кг), Шоира Зулқарнаева (64 кг) ва мураббиён Мирзо Шамсиеву Ҷамшед Султонов шомил буданд.
Зафарова ва Раҳмонзода, ки дар даврҳои муқаддамотӣ шикаст хӯрданд, аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум шуданд.
Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии даври ниманиҳоӣ аз Чин 7 нафар, аз Кореяи Шимолӣ 5 нафар, аз Тайланду Узбакистон дунафарӣ, аз Ҳиндустон, Қазоқистон, Кореяи Ҷанубӣ ва Филиппин якнафарӣ ба финал баромаданд.
Қувваозмоиҳои ниҳоӣ имрӯз, 13 август, баргузор шуда, қаҳрамонҳои нави Осиё миёни занон маълум мегарданд.
Бояд гуфт, ки ин мусобиқаи қитъавӣ барои муштзанҳои Осиё як навъ имтиҳонест пеш аз чемпионати ҷаҳон миёни занон, ки моҳи феврали соли 2016 дар шаҳри Алмаотои Қазоқистон баргузор мешавад.
Таҳдиди муҷозот барои барои андозбандии беасос. Кумитаи андоз ба шикояти кишоварзон расидагӣ кард.
Сокини Конибодом ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба Украина гумонбар мешавад
Далер Назаров: “Агар шеър менавиштам, мехостам чун Лоиқ нависам...”
Ҷонибек Ҳикмат президенти Шӯрои иҷроияи ЮНИСЕФ интихоб шуд. Ӯ кист?
Ато Мирхоҷа: “Адибони тунуквиҷдон сабаби пайдоиши “шоирону нависандагон”-и қаллоб шуданд”
Кор дар Қатар. Вазорати меҳнат бори дигар рӯйхати касбу ихтисосҳои зарурро нашр кард
Рушди ҳукумати электронӣ. Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар мақоми охир қарор дорад
Байни Хуҷанд ва Новосибирск боз ҳаракати автобусҳо оғоз мешавад
Душанбе: аввалин универмаг, автобус ва ҳайкал кай пайдо шуд?
Ваъдаи 200 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ аз сӯи мақомот барои кумак дар ошкор кардани ду ҳодисаи куштор
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста