Дар бозии аввали даври чаҳорякниҳоии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2015 дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар майдони худ тими «Паҳанг»-и Малайзияро қабул карда, бо ҳисоби бузурги 4 бар 0 пирӯз шуд.
Дар қисми аввали бозӣ тӯбҳоро ба дарвозаи тими меҳмонон легионери эронии даста Маҳдӣ Чоҳҷӯӣ (дақиқаи 35-ум) ва капитани даста Дилшод Восиев (дақиқаи 38-ум) ба ҳадаф расониданд.
Дар қисми дуюм низ бозӣ бо бартарии дастаи «Истиқлол» сурат гирифта, дар дақиқаи 50-ум Хуршед Маҳмудов ва дар дақиқаи 77-ум боз капитани даста Дилшод Восиев дӯ туби дигарро вориди дарвозаи меҳмонон карданд.
Бозии ҷавобии «Истиқлол» бо «Паҳанг» рӯзи 16 сентябр дар шаҳри Куантани Малайзия доир мегардад. Ғолиби ин ҷуфт дар бозии нимфиналӣ бо ғолиби ҷуфти «Кувайт»-и Кувайт – «Китчӣ»-и Ҳонконг рӯзҳои 30 сентябр ва 21 октябр рақобат мекунад.
Натиҷаи бозиҳои дигари даври аввали марҳилаи чаҳорякфиналии Ҷоми AFC -2015
«Ал-Қодсия» (Кувайт) – «Ал-Ҷайш» (Сурия) – 1-1
«Ҷоҳор Дарул Такзим» (Малайзия) – «Саут Чайна» (Ҳонконг) – 3-0
КВ «Кувайт» (Кувайт) – «Китчӣ» (Ҳонконг) - 6-0
Таҳдиди муҷозот барои барои андозбандии беасос. Кумитаи андоз ба шикояти кишоварзон расидагӣ кард.
Сокини Конибодом ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба Украина гумонбар мешавад
Далер Назаров: “Агар шеър менавиштам, мехостам чун Лоиқ нависам...”
Ҷонибек Ҳикмат президенти Шӯрои иҷроияи ЮНИСЕФ интихоб шуд. Ӯ кист?
Ато Мирхоҷа: “Адибони тунуквиҷдон сабаби пайдоиши “шоирону нависандагон”-и қаллоб шуданд”
Кор дар Қатар. Вазорати меҳнат бори дигар рӯйхати касбу ихтисосҳои зарурро нашр кард
Рушди ҳукумати электронӣ. Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар мақоми охир қарор дорад
Байни Хуҷанд ва Новосибирск боз ҳаракати автобусҳо оғоз мешавад
Душанбе: аввалин универмаг, автобус ва ҳайкал кай пайдо шуд?
Ваъдаи 200 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ аз сӯи мақомот барои кумак дар ошкор кардани ду ҳодисаи куштор
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста