Имрӯз дар Душанбе, дар маҷлисгоҳи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон маросими супурдани ҷоизаҳои молӣ ба ситораҳои варзиши тоҷик Дилшод Назаров, Мавзуна Чориева ва ба варзишгари ҷавон Шоира Зулқарнаева баргузор шуд.
Бино ба маълумоти дафтари матбуоти КМО Тоҷикистон, дар ин маросим Акбар Ғуломов, раиси Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди "Ғаюр” – сарпарасти куллии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон – ба Дилшод Назаров барои гирифтани роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2016 ҷоизапулӣ ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ тақдим кард.
Гуфта мешавад, Баҳрулло Раҷабалиев ба Мавзуна Чориева ва Шоира Зулқарнаева ҷоизаҳои молии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистонро супурд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 28-уми август дар Кохи миллат президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон варзишгари маъруфи тоҷик Дилшод Назаровро, ки дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гурзандозӣ дар Пекин медали нуқра ба даст овардааст, бо ордени Шараф дараҷаи 2 мукофотонид.
Бояд гуфт, ки Дилшод Назаров, Мавзуна Чориева ва Шоира Зулқарнаева барои дастовардҳои варзишиашон дар мусобиқоти байналмилалӣ, инчунин бо Ҷоизаи молии президенти Тоҷикистон низ сарфароз хоҳанд шуд.
Фармони зиёд шудани музди меҳнат, нафақа ва идрорпулиҳо имзо шуд
Ҷавоне, ки ба муфтии Тоҷикистон ҳамла кард, ба 26 соли зиндон маҳкум шудааст
“Озодӣ“, “1 май”... то “Дӯстӣ”. Майдони асосии Душанбе чӣ гуна тағйир ёфт?
Фейк | Маводи мухаддир бо номи “клубничный квик” дар мактабҳо
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Пурсиши ориф аз кашиш”
Содироти мева аз Тоҷикистон афзуда, лекин фурӯши сабзавот ба хориҷа 2 баробар кам шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 феврали соли 2025
Нигоҳдории кадом чорво дар пойтахт манъ аст ва барои нақзи он чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
"Ба ин касб дил бастам”. Қиссаи ронандаи зеботарин автобуси Душанбе
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 феврали соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста