Дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев омодагии варзишгарони навраси тоҷикро ба иштирок дар мусобиқаи Бозиҳои VI байнулмилалии варзишии «Кӯдакони Осиё» дар соли 2016 тасдиқ намуд. Ин мусобиқаҳо аз 6 то 16 июл дар Якутски Русия баргузор мешаванд.

Қобили зикр аст, ки дар ин мусобиқаҳо бори нахуст намояндагони Тоҷикистон соли 2008 дар бозиҳои IV ширкат варзида, он замон ҳайати даста ҳамагӣ аз ду нафар дзюдочиён иборат буд.

Дар бозиҳои V ҳайати Тоҷикистонро аллакай 12 нафар намояндагӣ карда, ба гирифтани 5 медали ин мусобиқаҳо (1 тилло ва 1 нуқра дар дзюдо, 2 биринҷӣ дар бокс ва 1 биринҷӣ дар самбо) шарафёб гардиданд. Шумори саҳеҳи ҳайати дастаи Тоҷикистон дар Бозиҳои VI алҳол маълум нест.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти Бозиҳо, айни замон 29 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Сурия, Эрон, Ироқ, Қирғизистон, Бангладеш ва дигар кишварҳо иштироки худ дар ин бозиҳоро тасдиқ кардаанд.

Барномаи Бозиҳо аз 21 навъи варзиш, аз ҷумла баскетбол, волейбол, футбол, бокс, гуштӣ, дзюдо, варзиши сабук, таэквондо, шоҳмот ва ғайра иборат аст.