Санаи 15 ноябр дар Ҳиндустон мусобиқаи Чемпионати 10-уми ҷаҳон оид ба бокс (муштзанӣ) байни занон оғоз мегардад.
Тоҷикистонро дар он се нафар варзишгарзанон – Мижгона Самадова (-57кг), Шоира Зулқайнарова (-60кг) ва Гулмира Исроилова (-75кг) намояндагӣ мекунанд.
Дар мусобиқаи Чемпионати 10-уми ҷаҳон оид ба бокс (муштзанӣ) байни занон 350 нафар варзишгарон аз 73 кишвари саросари дунё ширкат варзида, барои ба даст оврадани 10 маҷмӯи медалҳо рақобатҳо сурат мегиранд. Мусобиқа дар Ню-Дели баргузор мешавад.
Дар ҳамин ҳол, тавре Reuters хабар медиҳад, иштирокчиёни мусобиқа аз шароитҳои баргузории машқҳо шикоят кардаанд, ки ин ба хеле зиёд ифлосии обуҳаво дар пойтахти Ҳиндустон вобаста аст.
Ба ҳолати 13 ноябр таркиби маводи заҳрнок (токсикӣ) дар ҳаво аз меъёрҳои иҷозашуда ҳашт маротиба бештар мебошад. Бо вуҷуди кӯшишҳои зиёди паст кардани таркиби тумани чангу ғуборолуди зарарнок, аз ҷумла мутаваққиф кардани корҳои сохтмон дар шаҳр ва маҳдудияти ҳаракати воситаҳои нақлиёт, баргузории чемпионат то ҳол зери хатари даст кашидан аз он аст.
Гуфта мешавад, барои ҳимоя аз ҳавои заҳрнок ба варзишгарзанон тавсия медиҳанд, ки ниқобҳои ҷарроҳиро ба рӯяшон кашанд ва қисмати поёнии рӯйро бо гарданбанд (шарф) маҳкам кунанд, вале баъдан онҳо аз дард дар чашмонашон шикоят мекунанд.
Қобили зикр аст, ки аз ҳад зиёд ифлос будани обуҳаво дар шаҳр ба партовҳои истеҳсолӣ ва сӯзонидани боқимондаҳо баъди ҷамъоварии ҳосил марбут аст. Ню-Дели яке аз шаҳрҳои ифлостарин дар сайёра дониста мешавад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.