Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маросими ҷоизасупорӣ ба варзишгарони вилоят баргузор гардид.
Бино ба иттилои АМИТ “Ховар”, дар вазъияти тантанавӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят Ёдгор Файзов ба 95 нафар варзишгарони вилоят ва мураббиён Ҷоиза, сипосномаю ифтихорнома ва маблағҳои пулӣ тақим намуда, роҷеъ ба рушди варзиш ва дастовардҳои варзишгарони вилоят дар соли 2018 маълумот дод ва ба кулли мураббиёне, ки ба тарбияи варзишгарони ҷавон машғуланд, изҳори сипос намуд.
Гуфта мешавад, ба андешаи роҳбарияти вилоят, соли 2018 барои варзишгарони вилоят соли дастоварду комёбиҳо ба ҳисоб меравад, зеро дар ин сол варзишгарон Хушқадам Хусравов ва Шакармаҳмад Мирмаҳмадов дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ширкат варзида, соҳиби ҷойи намоён ва унвони баланд- чемпиони ҷаҳон шуданд.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки соли 2019 аз ҷониби раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Хоруғ боз панҷ майдончаи зебою замонавии варзишӣ бунёд карда мешаванд.
Зимнан зикр мегардад, ки ҳоло дар вилоят 62 иншооти соҳа ва 10 мактаби варзишӣ фаъолият доранд. Соли 2018 варзишгарони вилоят дар 262 мусобиқаи ҷумҳуриявию байналмилалӣ ширкати фаъолона намуда, сазовори 65 медали тилло шуданд.
Кадом дастуру супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёми гузашта дода буд, иҷро шуд?
Оғози рамзгузории электронӣ ба доруҳо ва молҳои тиббӣ дар Тоҷикистон. Ин чӣ маъно дорад?
Беш аз 471 ҳазор ронанда санади “утилизатсия”-и мошин гирифтаанд
Тоҷикистону Эрон Рӯзи бузургдошти Рӯдакиро якҷоя таҷлил мекунанд
Футболбози беҳтарини соли 2024 дар Тоҷикистон муайян шуд
Тоҷикистон дар соли 2024 чӣ фурӯхту чӣ харид?
Ширҷӯш, устои мошин... Қатар кадом муҳоҷирони кории тоҷикро интизор аст?
Размикор аз Тоҷикистон ба унвони беҳтарин дар Open FC дар соли 2024 довталабӣ мекунад
Дарёфти патент ва шаҳодатнома тариқи онлайн. Барномаи “Андози ман”-и Кумитаи андоз чӣ гуна кор мекунад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Иброҳим ва чигуна зинда шудани мурдагон”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста