Мунтахаби футболи олимпии Тоҷикистон рӯзи 26 март дар вохӯрӣ бо дастаи Ӯзбекистон дар мусобиқаи даври интихобии Чемпионати Осиё-2020 дар шаҳри Тошканд вохӯриро бо ин даста мусовӣ – 0 бар 0 анҷом дода, то ҳанӯз ба дарёфти роҳхат ба мусобиқаи давраи финалии Чемпионати Осиё имкон дорад.

Қаблан дар гурӯҳи «F» футболбозони тоҷик таҳти роҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев ҳамсолони худро аз Ҳиндутсон бо ҳисоби 2 бар 0 шикаст дода буданд.

Дар гурӯҳи «F» зинаи аввалро дастаи Ӯзбекистон ишғол намуд, ки баробари дастаи Тоҷикистон 3 имтиёз дорад, лекин аз ҳисоби се тӯби беҷавоб ворид кардан дар бозӣ бо дастаи Ҳиндустон мақоми аввалро касб кард.

Дар ин мусобиқа аз 44 дастаи мунтахаб ҳамагӣ 11 гурӯҳ ташкил шудааст. Ғолибони гурӯҳҳо ва чор дастаи беҳтарини зинаи дуюми гурӯҳҳо ба даври финалӣ роҳ меёбанд. Даври финалии Чемпионати Осиё-2020 оид ба футбол аз 8 то 26 январи соли 2020 дар Таиланд баргузор мешавад. Мунтахаби Таиланд ба сифати мизбони мусобиқа сарфи назар аз натиҷаи даври интихобӣ, дар мусобиқа иштирок хоҳад кард.

Дар сурате, ки агар дастаи Тайиланд дар мусобиқаи даври интихобӣ зинаи аввалро ишғол намояд ё байни зинаҳои дуюми гурӯҳҳо бо нишондиҳандаҳои беҳтарин қарор гирад, пас дастаи панҷуми беҳтарин байни зинаҳои дуюм ба даври финалии мусобиқа роҳхат мегирад.

Се дастаи беҳтарини мусобиқаи Чемпионат Осиё-2020 оид ба футбол байни ҷавонон ба Бозиҳои тобистонаи олимпии-2020 дар Токио роҳхат мегиранд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.