Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Олуча-Авто” то охири сол дар бораи шарикӣ шартнома бастанд.

Шарномаро роҳбари департаменти маркетинг ва робита бо ҷомеаи ФТТ Комрон Ҳусейнов ва директори генералии ҶДММ «Олуча-Авто» Зафар Қодиров ба имзо расониданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти ФФТ.

Дафтари матбуоти ФФТ

“Шарики Федератсияи футболи Тоҷикистон шудан барои мо ифтихор аст. Шартномаи имзошуда барои дурнамои ҳамкориҳо имконоти густарда фароҳам месозад. Бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон дар арсаҳои байнулмилалӣ комёбиҳо орзу мекунам. Ба мунтахаби футболи наврасони ҷумҳурӣ дар мусобиқаи Чемпионати ҷаҳон-2019 дар Бразилия, ки тирамоҳи ҳамин сол доир мегардад, самимона мухлисӣ мекунем”, - гуфт зимни суханронии худ дар маросими имзои шартнома роҳбари ширкати “Олуча-Авто” Зафар Қодиров.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.