Бозии даври дуюм байни мунтахабҳои футболи наврасони Тоҷикистон ва Испанияро дар гурӯҳи “Е”-и Чемпионати ҷаҳон дар Бразилия довари 28-солаи ФИФА Иван Бартон аз Салвадор ҳакамӣ мекунад.
Дар ин мусобиқа Бартон дар даври аввал сардовари бозии байни дастаҳои Фаронса - Чили (2:0) буд. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Давид Моран Сантос (Сальвадор) ва Зачари Зигелаар (Суринам) ёварони сардовар, Иво Мендез (Боливия) довари эҳтиётӣ, Николас Галло (Колумбия) ва Пиеро Маза (Чили) доварони пахши видеоӣ таъин шудаанд.
Вохӯрии даври дуюми Чемпионати ҷаҳон байни мунтахабҳои наврасони Тоҷикистон ва Испания имрӯз, 31-уми октябр дар варзишгоҳи «Estаdio Klеber Andrade»-и шаҳри Кариасикаи Бразилия доир мегардад. Бозӣ соати 17:00 ба вақти маҳаллӣ, соати 01:00-и 1-уми ноябр ба вақти Душанбе оғоз мешавад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.