Мутахассис аз Сербия Никола Лазаревич сармурабии дастаи футболи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд таъин шуд. Дар ин вазифа ӯ мутахассиси украинӣ Виталий Левченкоро, ки сармураббии беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2019 дониста шуд, иваз кард. Левченко вазифаи сармураббии тими “Истиқлол”-и Душанберо ба уҳда гирифт.
Бино ба иттилои Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, Никола Лазаревич аллакай дар тими “Хуҷанд” ба кор оғоз карда, таҳти роҳбарии ӯ даста ба бозиҳои марҳилаи интихобӣ (плей-офф)-и Ҷоми КФО-2020 омодагӣ мегирад. Ин бозиҳо рӯзҳои 19 ва 26 феврал баргузор мешаванд.
Ин мутахассиси сербиягӣ замоне ба ҳайси мураббӣ оид ба омодагии ҷисмонӣ дар дастаи “Истиқлол” ва тими мунтахаби Тоҷикистон фаъолият дошт.
Ҳамчунин дар давраҳои гуногун дар тимҳои “Атлетико”-и Мадрид, “Зенит”-и Санкт-Петербург ва “Базел”-и Швейтсария давраҳои таҷрибаомӯзиро гузаштааст.
Тибқи маълумоти саҳифаи тими “Хуҷанд” дар шабакаҳои иҷтимоӣ, Рустам Хоҷаев ёвари Лазаревич таъин хоҳад шуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.