Панҷ нафар ҷудокори тоҷик дар Гранд Слами Бедапешт, ки рузҳои 23-25 октябр баргузор мешавад иштирок мекунанд. Шакармамад Мирмамадов, Комроншоҳ Устопириён, Сомон Маҳмадбеков, Темур Раҳимов ва Акмал Муродов Тоҷикистонро дар ин сабқат намояндагӣ хоҳанд кард.
Пештар хабар дода шуда буд, ки Беҳрӯз Хоҷазода ҳам дар ин сабқат ширкат мекунад, вале ҳоло ба иттилоъи як манбаъ Хоҷазода дар ин сабқат ширкат намекардааст. Ба гуфтаи мураббии Беҳруз Хоҷазода далел ширкат накардани шогирдаш латхӯрдагии парак (қабурға)-ҳояш ва ҷарроҳии биние, ки ахиран кардааст, мебошад. “Ҳоло беҳбудӣ ҳаст, насиб бошад Беҳрӯз дар мусобиқоти баъди Будапешт иштирок хоҳад кард”,-гуфт Садриддин Обидов.
Сомон Маҳмадбеков дар вазни -73, Акмал Муродов -81, Комроншоҳ Устопириён – 90 ва Шакармамад Мирмамадову Темур Раҳимов дар вазни +100 қувваозмоӣ хоҳанд кард.
Ин сабқат бо иштироки 73 кишвари дунё баъди ҳамагирии коронавирус нахустин мусобиқаи ҷудокорон аст, ки таҳти сарпарастии Федратсияи байналмилалии ҷудо (IJF) дар Маҷористон баргузор мешавад.
Ҳоло баъди ҳамагирии коронавирус шарити иштирок дар сабқатҳои хориҷ аз кишвар сахттар шудааст ва маълумотномаву дигар санадҳаои тиббие зарур аст, ки IJF дар торнамояш нашр намудааст.
Гуфта мешавад, ки ин панҷ паҳлавони тоҷик ҳамагӣ раводиди шенгенро доранд ва танҳо санадҳои тиббии лозимро барои ширкат дар ин сабқат мегиранд.
IJF имрӯз бори дигар расман таъйид кард, ки сабқат баргузор мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Оғози рамзгузории электронӣ ба доруҳо ва молҳои тиббӣ дар Тоҷикистон. Ин чӣ маъно дорад?
Беш аз 471 ҳазор ронанда санади “утилизатсия”-и мошин гирифтаанд
Тоҷикистону Эрон Рӯзи бузургдошти Рӯдакиро якҷоя таҷлил мекунанд
Футболбози беҳтарини соли 2024 дар Тоҷикистон муайян шуд
Тоҷикистон дар соли 2024 чӣ фурӯхту чӣ харид?
Ширҷӯш, устои мошин... Қатар кадом муҳоҷирони кории тоҷикро интизор аст?
Размикор аз Тоҷикистон ба унвони беҳтарин дар Open FC дар соли 2024 довталабӣ мекунад
Дарёфти патент ва шаҳодатнома тариқи онлайн. Барномаи “Андози ман”-и Кумитаи андоз чӣ гуна кор мекунад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Иброҳим ва чигуна зинда шудани мурдагон”
Бахши кишоварзии Тоҷикистон: Ҳамаи нишондиҳандаҳо афзуданд, ба ҷуз пахтакорӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста