Футболбози шуҳратёри тоҷик, айни замон мураббӣ Рашид Раҳимов сармурабии дастаи “Уфа”-и шаҳри Уфаи Русия таъин шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти тими “Уфа”, субҳи рӯзи якшанбе ӯ ба ҳайати ин даста муаррифӣ шуд.
Дастаи “Уфа” дар мусобиқаи Премйер-лига (Лигаи олӣ)-и футболи Русия иштирок дошта, қаблан вазифаи сармураббигии онро Вадим Евсеев ба уҳда дошт, лекин рӯзи 7 октябр аз вазифааш истеъфо дод.
Рашид Раҳимов футболбози шӯравӣ ва русиягӣ, ҳамчунин мураббӣ 18 марти соли 1965 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст.
Нахуст ӯ дар дастаи «Захираҳои меҳнатӣ»-и Душанбе бозӣ кардаааст. Вай солҳои 1980 – 1991 ҳимоятгари дастаи «Помир»-и Душанбе буд. Сипас дар бошгоҳҳои футболи «Спартак»-и Маскав (1992, 1994), «Валядолид»-и Испания (1992 – 93), «Локомотив»-и Маскав (1993 – 1994), «Аустрия»-и Австрия (1995 – 1999), «Адмира-Ваккер»-и Австрия (2000 – 2001) ва СВ «Кели Рид»-и Австрия (2001) ҳунарнамоӣ кардааст.
Рашид Раҳимои 57-сола, дар гузашта капитани тими овозадори “Помир”-и Душанбе, пас аз анҷоми бозиҳо дар Тоҷикистону Русия, Испания ва Австрия ба кори мураббигӣ гузашт. Соли 2016 ӯ ба унвони «Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Чеченистон» қадрдонӣ шуд.
Ба ҳайси сармураббӣ ӯ дар тимҳои “Локомотив” (солҳои 2008-2009)-и Маскав, “Адмира”-и Австрия, “Амкар”-и Перм ва “Терек” (баъдан “Аҳмад”)-и Грозний фаъолият кардааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.