Дар чемпионати ҷаҳон оид ба муҳорибаҳои омехта IMMAF байни ҷавонон дар Амороти Муттаҳидаи Араб мунтахаби Тоҷикистон зинаи 3-юмро ишғол намуд.
Дар рӯзи охирини мумсобиқа Ислом Саидов дар вазни 52,2 кг байни варзишгарони синни 16-17-сола медали тилло ба даст овард, ки медали 7-уми тиллои мунтахаби Тоҷикистон дар ин чемпионат аст.
Гуфта мешавад, аз рӯи натиҷаҳои умумидаставӣ байни 42 кишвар мунтахаби Тоҷикистон мақоми 3-юмро касб кард.
Намояндагони Тоҷикистон ба дарёфти 7 медали тилло, 5 - нуқра ва 9 - медали биринҷӣ шарафёб гардиданд.
Дар ду рӯзи аввали мусобиқа байни варзишгарони синни 12-13-сола Хуршедҷон Шокиров дар вазни 37 кг, Суннатулло Наврӯзов дар вазни 34 кг ва Хайёмҷон Чӯянов дар вазни 31 кг, байни варзишгарон синни 14-15-сола Фарҳоди Давлаталӣ дар вазни 40 кг, Муҳаммад Саидзода дар вазни 52 кг ва Абӯбакр Алиҷонзода дар вазни 57 кг ба унвони қаҳрамони ҷаҳон соҳиб шуда буданд.