Футболбози 19-солаи тоҷик, ҳимоятгар Фахриддин Аҳтамов бо ҳуқуқи агенти озод ба бошгоҳи “Атирау” аз Қазоқистон гузашт. Тибқи маълумоти портали Transfermarkt, қарордод то охири соли 2024 пешбинӣ шудааст.
Аҳтамов пештар дар ҳайати тими “Атирау” дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия буд. Ӯ ду маротиба дар ҳайати асосии ин даста муқобили “Ротор” (1:4) ва “Академияи Пандева”-и Македония (2:1) бозӣ кардааст.
Фахриддин Аҳтамов дастпарвари тими “Локомтив”-и Душанбе аст. Ҳамчунин ӯ дар тими дигари пойтахт - “Динамо” бозӣ кардааст.
Дар Тоҷикистон ахиран аз моҳи январи соли гузашта дар ҳайати дастаи “Хуҷанд” ҳунарнамоӣ карда, дар ҳамаи вохӯриҳои мавсими гузашта ҳамагӣ 17 бозӣ гузаронидааст.
Фахриддин Аҳтамов бозингари мунтхаби Тоҷикистон (U-23) буда, дар ҳайати ин даста 2 бор бозӣ кардааст.
Қобили зикр аст, ки тими “Атирау” бори навбатӣ аз дастаҳои Тоҷикисон футболбози ҷавони боистеъдодро ҷалб мекунад. Тобистони соли гузашта нимҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон (U-23) Фатҳулло Олимзода ба ин даста гузашта буд, ки дар дастаи “Равшан”-и Кӯлоб бозӣ мекард.
Акнун дар мавсими соли 2024 дар ҳайати дастаи Қазоқистон ду футболбози тоҷик - Аҳтамов ва Олимзода бозӣ мекунанд.
Чанд мавсим пештар “Атирау” бозингари он замон ҷавон ва ояндадор Хусрав Тоировро ба дастаи худ гирифта буд. Баъдан ӯро ба маблағи 300 ҳазор евро ба “Шахтёр”-и Украина фурӯхтанд.
Аз эҳтимол дур нест, ки ин ду футболбози тоҷики ҳозира дар ҳайати “Атирау” низ баъдан гаронтар ба дигар тимҳо фурӯхта шаванд.