Хуҷанд. 11-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Дар ноҳияи Ғончӣ дар наздикии бинои сӯхташудаи мактаби рақами 1 бинои мактаби нав бунёд мегардад.
Сардори раёсати маорифи вилояти Суғд Саидмухтор Ҷалолов изҳор дошт, ки мактаб барои таҳсили 480 нафар хонандагон пешбинӣ гардидааст.
Ба гуфтаи ӯ, барои сохтмони мактаб 100 ҳазор сомонӣ маблағ аз буҷаи вилоят, ҳамин миқдор аз буҷаи ноҳия, 62 ҳазор сомонӣ маблағҳои хайрияи кормандони соҳаи маорифи ноҳия ва 38 ҳазор сомонӣ маблағ аз ҷониби корхонаву муассисоти вилоят ҷудо карда шуданд.
«Айни замон маблағи умумии сохтмони бино ба 300 ҳазор сомонӣ расидааст, вале ин маблағ басанда нест, - идома дод С.Ҷалолов. - Аз ин рӯ, ҷамъоварии маблағҳои хайрия идома дорад».
Мавсуф зикр кард, ки мӯҳлати ба истифода додани иншоот моҳи октябр ба нақша гирифта шудааст ва то он замон хонандагон дар мактабҳои дигар таҳсил хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки мактаби таҳсилоти умумии рақами 1-и ноҳияи Ғончӣ соли 1947 сохта шуда, дар таърихи 18-уми июни соли равон бар асари сӯхтор батамом сӯхта буд. Дар он 840 нафар хонандагон таҳсил мекарданд.
Рустами Эмомалӣ дигарбора аъзои Маҷлиси миллӣ интихоб шуд. Боз киҳо аъзои палатаи болои парлумон шуданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2025
Як сол баъд аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом. Чанд кас куштаву чанд нафар боздошт шуд ва тафтишот ба куҷо расидааст?
“Тамошобинон моро бо фараҳу хушнудӣ пазируфтанд”. Ҳунарнамоии балети тоҷик дар саҳнаи бузурги Порис
Парвозҳои мунтазам байни Хуҷанду Қошғар дубора барқарор мешавад
Харобиҳои сел дар натиҷаи борони рӯзи гузашта
Бидуни патент, вале хатарнок. Дар минтақаҳои азхудкардаи Русия муҳоҷирон метавонанд бе патент кор кунанд
Кайя Каллас: Таҳримҳо алайҳи Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ зарар мерасонанд
Баъди 28 соли дарду ранҷ. Чӣ хел Умриузоқ Абдураҳмонов аз маъюбӣ наҷот ёфт?
Эрон ба номаи Доналд Трамп тавассути Уммон посух додааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста