Душанбе. 11-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - «Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) барои Иттиҳоди Осиё гаштан имкониятҳои зиёдеро доро аст», - изҳор дошт номзади илмҳои фалсафа Давлат Усмон дар
семинари илмиву назариявӣ таҳти унвони «СҲШ: тавсиа, масоили ҷорӣ ва дурнамо», ки дирӯз дар шаҳри Душанбе ба кор шурӯъ кард.
Ба гуфтаи ӯ, манфиатдории кишварҳое чун Эрону Ҳиндустон ва Покистон ҷиҳати узвият ба созмон таркиб ва самти осиёгии онро таҳким мебахшад.
«Дар ҷаҳон барои раҳоӣ аз омилҳои берунӣ тамоили ташкили иттиҳоду созмонҳои минтақавӣ ба мушоҳида мерасад», - таъкид сохт Д.Усмон.
Раиси Кумитаи исломии Русия Ҳайдар Ҷамол дар мавриди тавсиъа ва густариши СҲШ нуқтаи назари дигаре дорад. Ба қавли ӯ, то он даме, ки хавфи ҷанг бо Амрико вуҷуд дорад, Эрон наметавонад аъзои СҲШ гардад.
«Агар СҲШ бо Эрон дар як сангар қарор гиранд, пас кишварҳои узви он ба ҳолати нобоб меафтанд», - мӯътақид аст Ҳ.Ҷамол.
Муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ Сайфулло Сафаров зикр кард, ки Тоҷикистон чун кишвари раисикунанда дар созмон ба узвияти Эрон дар он мусоидат хоҳад кард.
«Бо Эрон моро таъриху фарҳанги умумӣ мепайвандад ва ин кишвар бояд таҳти узвияти СҲШ қарор гирад, то амнияти эҳтимолияти ҳамагуна таҳдидҳоро таъмин созад», - афзуд С.Сафаров.
Ёдрас мекунем, ки дирӯз дар шаҳри Душанбе семинари илмиву назариявӣ таҳти унвони «СҲШ: тавсиа, масоили ҷорӣ ва дурнамо» ба кор шурӯъ кард ва имрӯз ба кори худ идома медиҳад.
Дар кори семинар намояндагони давлатҳои Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Ӯзбекистон, Афғонистон, Эрон, Покистон ва ҳамчунин шахсони расмии вазорати корҳои хориҷии ҶТ, олимон ва рӯзноманигорон иштирок мекунанд.
Рустами Эмомалӣ дигарбора аъзои Маҷлиси миллӣ интихоб шуд. Боз киҳо аъзои палатаи болои парлумон шуданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2025
Як сол баъд аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом. Чанд кас куштаву чанд нафар боздошт шуд ва тафтишот ба куҷо расидааст?
“Тамошобинон моро бо фараҳу хушнудӣ пазируфтанд”. Ҳунарнамоии балети тоҷик дар саҳнаи бузурги Порис
Парвозҳои мунтазам байни Хуҷанду Қошғар дубора барқарор мешавад
Харобиҳои сел дар натиҷаи борони рӯзи гузашта
Бидуни патент, вале хатарнок. Дар минтақаҳои азхудкардаи Русия муҳоҷирон метавонанд бе патент кор кунанд
Кайя Каллас: Таҳримҳо алайҳи Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ зарар мерасонанд
Баъди 28 соли дарду ранҷ. Чӣ хел Умриузоқ Абдураҳмонов аз маъюбӣ наҷот ёфт?
Эрон ба номаи Доналд Трамп тавассути Уммон посух додааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста