Душанбе. 12-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Барномаи таълимии мактабҳои таҳсилоти умумӣ тағйир дода шуда, мувофиқи китобҳои дарсӣ омода мегарданд.
Аз ин хусус дар нишасти матбуотӣ вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов хабар дода, изҳор дошт, ки дар соли нави хониш соати дарсии забони русӣ ду соат зиёд карда мешаванд.
Вазир ҳамчунин иттилоъ дод, ки маҷаллаи тозаи «Масъалаҳои маориф» ба табъ расидааст.
«Мо ният дорем, ҳамчунин нашри маҷалла барои кӯдаконро низ ба роҳ монем», - гуфт ӯ.
А.Раҳмонов изҳор дошт, ки то моҳи сентябр китобҳои тоза бо расмҳои ранга барои кӯдакони синни томактабӣ тайёр карда мешаванд. «Вазорат ҷиҳати таҳияву омода сохтани китобҳо ба Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Иттифоқи рассомон муроҷиат кард», - гуфт ӯ.
Вазир баён дошт, ки то оғози соли нави хониши 2008-2009 мактабҳои ҷумҳурӣ пурра бо китобҳои дарсӣ таъмин карда мешаванд.
Аз Вазорати маорифи ҶТ ҳамчунин хабар доданд, ки дар шаш моҳи соли равон 67 ҳазор нусха китобҳои дарсии забони русӣ барои синфҳои 11, 70 ҳазор нусха китобҳои дарсии омодагии ҳарбӣ, 20 ҳазор нусха китобҳои дарсии забони англисӣ барои синфи 9, 48 ҳазор нусха китобҳои дарсии забони русӣ барои синфҳои 3, 70 ҳазор нусха китобҳои дарсии тарбияи ватандӯстӣ барои синфҳои 3 ва 4 ва 27,3 ҳазор нусха китобҳои дарсии технологияҳои иттилоотӣ барои синфи 7-ум нашр гардида, ба мактабҳои ҷумҳурӣ фиристода шудаанд.
Рустами Эмомалӣ дигарбора аъзои Маҷлиси миллӣ интихоб шуд. Боз киҳо аъзои палатаи болои парлумон шуданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2025
Як сол баъд аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом. Чанд кас куштаву чанд нафар боздошт шуд ва тафтишот ба куҷо расидааст?
“Тамошобинон моро бо фараҳу хушнудӣ пазируфтанд”. Ҳунарнамоии балети тоҷик дар саҳнаи бузурги Порис
Парвозҳои мунтазам байни Хуҷанду Қошғар дубора барқарор мешавад
Харобиҳои сел дар натиҷаи борони рӯзи гузашта
Бидуни патент, вале хатарнок. Дар минтақаҳои азхудкардаи Русия муҳоҷирон метавонанд бе патент кор кунанд
Кайя Каллас: Таҳримҳо алайҳи Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ зарар мерасонанд
Баъди 28 соли дарду ранҷ. Чӣ хел Умриузоқ Абдураҳмонов аз маъюбӣ наҷот ёфт?
Эрон ба номаи Доналд Трамп тавассути Уммон посух додааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста