Душанбе. 12-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - «Муносиботи Фаронсаву Тоҷикистон дар сатҳи гуфтушуниди тӯлонии сиёсӣ роҳандозӣ мешаванд», - гуфт дар мусоҳиба ба ОИ «Азия-Плюс» сафири Фаронса дар Тоҷикистон Мэтлэнд Пелен.
Ба гуфтаи сафир, муносиботи Тоҷикистону Фаронса рӯз аз рӯз густариш меёбанд ва барои тақвияти гуфтаҳояш сафарҳои мутақобилаи бешумори шахсони расмии ҳукумати кишварҳоро намуна овард.
«Фаронса ва Тоҷикистон бобати масоили стратегӣ ва вазъи Афғонистон назари якхела доранд», - гуфт ӯ.
М.Пелен изҳор дошт. ки кишвараш аз 1-уми апрел дар Иттиҳоди Аврупо (ИА) раисӣ мекунад ва муҳимияти ба роҳ мондаги ҳамкориҳоро бо давлатҳои минтақаи Осиё Марказӣ таъкид сохт.
«Иттиҳоди Аврупо ният дорад, ки ба ин ҳамкориҳо вусъат бахшад», - гуфт ӯ ва афзуд, ки Фаронса омода аст, ислоҳоти сохториро дар Тоҷикистон дастгирӣ намояд, то нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ баланд шавад.
Сафир хотиррасон сохт, ки имрӯз дар Фаронса мутахассисони ҳарбии Тоҷикистон таҷриба меомӯзанд, олимони тоҷик дар докторантура таҳсил мекунанд, рӯзноманигорон, донишҷӯён ва мутахассисони ҷавони тоҷик бо сафарҳои корӣ ба Фаронса мераванд. Вай баён дошт, ки кишвараш аз фаъолияти созмонҳои ғайриҳукуматии Тоҷикистон ҳамаҷониба пуштибонӣ мекунад ва ҳамаи ин гувоҳи он аст, ки муносиботи кишварҳо дар сатҳи қаноатбахш қарор доранд.
М.Пелен аз номи ҳукумати Фаронса барои ҷойгир кунонидани гурӯҳи низомии Фаронса дар фурудгоҳи пойтахт изҳори миннатдорӣ намуда, зикр кард, ки ҷиҳати таҷдиди фурудгоҳ ҳукумати кишвараш 40 миллион Евро маблағ ҷудо мекунад.
Сафир инчунин иттилоъ дод, ки санаи 17-18-уми октябр дар Париж Форуми Иттиҳоди Аврупо-Осиёи Марказӣ баргузор гашта, дар таърихи 21-22-уми октябр дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи таҳкими марзҳо дар сатҳи вазирон мулоқот доир мегрдад.
Дар анҷом М.Пелен изҳор дошт, ки баҳри густариши минбаъдаи муносиботи кишварҳо тамоми кӯшишҳоро ба харҷ хоҳад дод. «Мо роҳи дигаре надорем», - гуфт ӯ.
Рустами Эмомалӣ дигарбора аъзои Маҷлиси миллӣ интихоб шуд. Боз киҳо аъзои палатаи болои парлумон шуданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2025
Як сол баъд аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом. Чанд кас куштаву чанд нафар боздошт шуд ва тафтишот ба куҷо расидааст?
“Тамошобинон моро бо фараҳу хушнудӣ пазируфтанд”. Ҳунарнамоии балети тоҷик дар саҳнаи бузурги Порис
Парвозҳои мунтазам байни Хуҷанду Қошғар дубора барқарор мешавад
Харобиҳои сел дар натиҷаи борони рӯзи гузашта
Бидуни патент, вале хатарнок. Дар минтақаҳои азхудкардаи Русия муҳоҷирон метавонанд бе патент кор кунанд
Кайя Каллас: Таҳримҳо алайҳи Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ зарар мерасонанд
Баъди 28 соли дарду ранҷ. Чӣ хел Умриузоқ Абдураҳмонов аз маъюбӣ наҷот ёфт?
Эрон ба номаи Доналд Трамп тавассути Уммон посух додааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста