Душанбе. 14-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Аз сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон хабар доданд, ки дар шаҳри Когони вилояти Бухорои Ӯзбекистон мардум ба хонаҳояшон бармегарданд ва умуман дар вилоят зиндагӣ ба маҷрои пешин - орму босубот ҷараён дорад.
Таври маълум, санаи 10-уми июли соли равон дар анбори аслиҳаву муҳимоти шаҳри Когон инфиҷор рух дод ва аҳолии наздики анбор ба ҷои бехавф кӯчонида шуданд.
Бино ба иттилои манбаъ, ҷиҳати рафъи оқибатҳои инфиҷору сӯхтор хизматчиёни ҳарбии вазорати мудофиа ва ниҳодҳои вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ ҷалб карда шудаанд.
«Мувофиқи маълумот, бар асари инфиҷор 3 нафар ҳалок гашта, 21 нафари дигар ҷароҳатҳо бардоштаанд ва айни замон ба онҳо кӯмаки тиббӣ расонида мешавад», - изҳор дошт манбаъ.
Дар ҷои ҳодиса комиссияи ҳукуматӣ иборат аз намояндагони ниҳодҳои қудратии кишвар кор мекунад.
«Тибқи маълумоти Маркази идораи ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар вилоят ҳамаи корхонаву ташкилот бомаром фаъолият намуда, вазъ ба мкҷрои пешини орому босубот бармегардад», - афзуд сарчашма.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 январи соли 2025
Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон аз Додгоҳи олӣ ва Додситонии кул бозбинии парвандаи Аҳмади Иброҳимро хостааст
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 январи соли 2025
“Ёддошт” ба вазири нави меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон
Идомаи тағйироти кадрӣ. Таъини додситони ҳарбӣ ва ивази муовини Озода Раҳмон
Билохира нахустин парвози ҳавопаймо аз Душанбе ба Панҷакент анҷом ёфт
Аз гӯйишҳои зебои форсӣ то лағви раводиду рушди гардишгарӣ. Ёддошти як вазири баландпояи Эрон аз сафараш ба Тоҷикистон
Кори Зафар Сайидзода ба ҳайси Консули кулли Тоҷикистон дар Екатеринбург ба анҷом расид
Барои пешгирӣ аз тағйирёбии иқлим ба Тоҷикистон $8 миллиард лозим аст. Онро аз куҷо ва чӣ гуна пайдо бояд кард?
Эрон, Уммон ва Куриёи Шимолӣ. Рақибони мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2025 маълум шуданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста