Душанбе. 22-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Тайи шаш моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон беморони СПИД 182 нафар зиёдтар шуданд ва акнун шумораи умумии онҳо то моҳи июл ба 1 ҳазору 231 нафар расидааст. Муовини вазири тандурустии Тоҷикистон Соҳибназар Раҳмонов дар нишасти матбуотӣ хабар дод, ки аксари беморонро (989 нафар) мардон ташкил медиҳанд.
Мавсуф изҳор дошт, ки 681 нафари беморон тавассути сӯзандору, 309 нафар ба воситаи алоқаи ҷинсӣ гирифтори беморӣ гашта, ба 10 нафар аз модарашон беморӣ гузаштааст ва дар 215 мавриди дигар роҳи гирифторӣ ба он норавшан аст.
С.Раҳмонов ёдовар шуд, ки аз замони ба қайд гирифтани бемори нахустин дар соли 1991, 96 нафар аз онҳо фавтидаанд.
Рустами Эмомалӣ дигарбора аъзои Маҷлиси миллӣ интихоб шуд. Боз киҳо аъзои палатаи болои парлумон шуданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2025
Як сол баъд аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом. Чанд кас куштаву чанд нафар боздошт шуд ва тафтишот ба куҷо расидааст?
“Тамошобинон моро бо фараҳу хушнудӣ пазируфтанд”. Ҳунарнамоии балети тоҷик дар саҳнаи бузурги Порис
Парвозҳои мунтазам байни Хуҷанду Қошғар дубора барқарор мешавад
Харобиҳои сел дар натиҷаи борони рӯзи гузашта
Бидуни патент, вале хатарнок. Дар минтақаҳои азхудкардаи Русия муҳоҷирон метавонанд бе патент кор кунанд
Кайя Каллас: Таҳримҳо алайҳи Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ зарар мерасонанд
Баъди 28 соли дарду ранҷ. Чӣ хел Умриузоқ Абдураҳмонов аз маъюбӣ наҷот ёфт?
Эрон ба номаи Доналд Трамп тавассути Уммон посух додааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста