Хуҷанд. 22-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Мудири шӯъбаи илм ва макотиби олии вилояти Суғд Рустамҷон Усмонов хабар дод, ки феълан Донишҷӯёни нисфи макотиби олии Суғд аллакай дар дар саҳро машғули ғунучини ҳосиланд. Рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба пахтачинӣ фиристода шуданд. Ректори донишгоҳ Носирҷон Салимов дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки соли равчон 2-2,5 ҳазор нафар донишҷӯёни кцурсҳои 1 ва 3-уми муддати 1 моҳ ба пахтачинӣ ба ноҳияи Зафаробод сафарбар карда мешаванд.

  «Соли гузашта хоҷагиҳои деҳқонӣ пурра бо мо ҳисоббаробарӣ карданд ва назди донишгоҳ қарздор нестанд», - гуфт ӯ ва афзуд, ки соли гузашта донишҷӯён 500-550 ҳазор сомонӣ маблағ (бо назардошти ғизо) кор карданд.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта дар маъракаи пахтачинии вилояфти Суғд 12 ҳазор донишҷӯён иштирок намуда, 18 фоизи ҳосили хирмани умумиро ҷамъоварӣ карданд.