Душанбе. 7-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Дар Тоҷикистон ба Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Мубориза бар зидди малах» ба маблағи беш аз 1 млн. сомонӣ таҷҳизоту техникаи иловагӣ супурда шуд.

            Чӣ тавре ки аз дафтари матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, таҷҳизоту техникаи мазкур қаблан ба КВД ҳифзи рустаниҳо тааллуқ дошт.

            Бино ба иттилои манбаъ, таҷҳизоту техника аз 8 трактори МТЗ-82, ду мошини боркаши УАЗ, 660 адад таҷҳизоти паҳнкунии заҳрҳо, 50 ҷуфт сарулибоси махсус ва 14 хайма (палатка) иборат аст. «Таҷхизоту техникаи мазкур ба минтақаҳое, ки дар он ҷо эҳтимолияти ҳуҷуми малах бештар мавҷуд аст, тақсим карда мешавад», - гуфт манбаъ.

            Мувофиқи маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, феълан КВД «Мубориза бар зидди малах» дорои 17 трактори МТЗ-82, 2 мошини боркаши УАЗ ва 6 таҷҳизоти паҳнкунии заҳри навъи ОВХ-28 аст.