Душанбе. 7-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Дар Тоҷикистон Барномаи миллии ҳифзи солимии равонии аҳолӣ таҳия мегардад.
Аз Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки бо ин мақсад дар вазорат бо дастгирии Созмони ҷаҳонии беҳдошт гурӯҳи кории байнисоҳавӣ барои таҳияи барномаи миллӣ таъсис дода шуд.
Тоҷикистон ба сафи 41 кишвари дунё, ки сиёсати давлатии ташаккулёфта нисбат ба бемориҳои равониро доро нестанд, дохил мешавад. Аз ин рӯ, таҳия ва қабули ҳарчи зудтари чунин барнома заруру саривақтӣ аст.
Тибқи маълумоти пизишкон, айни замон дар ҷаҳон аз шумораи умумии беморон 10 дарсадро гирифторони беморони равонӣ ташкил медиҳанд ва аз эҳтимол дур нест, ки соли 2020 ин рақам ба 15 дарсад бирасад. Мувофиқи маълумоти Созмони ҷаҳонии беҳдошт имрӯз дар дунё беш аз 450 млн. нафар ба бемориҳои равонӣ гирифторанд.
Аз рӯзи 3-уми октябр дар Тоҷикистон ҳафтаи бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи бемориҳои равонӣ оғоз гардид ва он рӯзи 10-уми октябр бо баргузории форум оид ба ин масъала анҷом меёбад, ки дар он масоили стигмакунонӣ, табъиз ва зӯран махфикунонии беморони равонӣ мавриди муҳокима қарор мегиранд.
Тибқи иттилои Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, феълан дар Тоҷикистон 17 муассисаи табобати бемориҳои равонӣ амал мекунанд, ки дар он 42 ҳазор нафар маризон сабти ном шудаанд. Барои ғизо ва бо доруворӣ таъмин кардани чунин беморон дар як рӯз 6 сомонӣ (камтар аз 2 доллар) маблағ ҷудо карда мешавад.
Тарзи интихоб, синну сол ва пули чипта. Ҳамаи шартҳои сафар ба Корея маълум шуд
Freedom Finance Global: Дар Тоҷикистон эътимоди истеъмолкунандагон паст мешавад
Омӯзгор огоҳ карда шуд. Вазорати маориф навори сарзаниши хонандагон аз ҷониби омӯзгорро шарҳ дод
“Рақаму рамзи кортро надиҳед”. Ҳушдори Амонатбонк ба муштариён аз фаъолшавии қаллобон
Таҳқиқот: Дар Тоҷикистон рушди логистика начандон қаноатбахш аст
РМА-и электронӣ чист ва чӣ тавр метавон онро ба даст овард?
Дар Украина “Осори мунтахаб”-и Садриддин Айнӣ бо забони украинӣ нашр шуд
То соли 2050 Осиёи Марказӣ метавонад сеяки пиряхҳои худро аз даст диҳад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Даббоғ ва бӯйи атр”
Тоҷиддин Мардонӣ, шарқшиноси тоҷик ва сафири пешини Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва Туркманистон аз олам даргузашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста