Душанбе. 7-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Кумитаи давлатии сармоягузор ӣ ва идораи амволи давлатии То ҷ икистон барои сармоягузор ӣ ба 15 нер ӯ гоҳи хурди обию барқ ӣ озмун эълон кард.

            Аз кумитаи номбурда ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки бунёди панҷтогӣ чунин нерӯгоҳ дар вилоятҳои Суғду ноҳияҳои тобеи марказ, чорто дар Хатлон ва як иншоот дар Бадахшон пешбинӣ шудааст. Иқтидори истеҳсолии солонаи ин нерӯгоҳҳо аз 90 ҳазор то 7,8 млн. кВт/соатро ташкил медиҳад.

            Гуфта мешавад, ки аз ин иншоот нерӯгоҳи пурқудраттарин нерӯгоҳи барқиву обии «Чӯянгарон-1» дар ноҳияи Ваҳдат мебошад, ки он дар як сол ба истеҳсоли 7,8 млн. кВт/соат қувваи барқ қодир буда, маблағи бунёди он ба 1,5 млн. доллар баробар аст. Арзиши умумии ҳамаи лоиҳаҳо беш аз 12 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

            Зикр гардид, ки лоиҳаҳо ва санадҳои заминаи фанниву иқтисодии иншоот таҳия ва омода гаштаанд. «Дар озмун шахсони воқеиву ҳуқуқии ҷумҳурӣ ва кишварҳои дигар иштирок карда метавонанд», - афзуд сарчашма.