Душанбе. 7-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Миёни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) мизони баландтарини таваррум - 30,7 дарсад дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Аз ин хусус дар хабарномаи «Омори ИДМ», ки Кумитаи омори иттиҳод чанде қабл ба табъ расонидааст, иттилоъ дода мешавад.
Дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ, сатҳи таваррум дар Украина - 26,4, Қазоқистон - 19,4, Белорус - 14,8, Молдова - 14,7, Русия - 14,1 ва Арманистон - 9,5 дарсадро ташкил додааст.
Тибқи маълумоти Кумитаи омори Тоҷикистон дар 8 моҳи соли равон суръати таваррум дар бахши истеъмолӣ 11,9 дарсадро ташкил додааст.
Ёдрас мекунем, ки соли 2008 ҳукумати ҷумҳурӣ суръати таваррумро дар мизони 8 дарсад нигоҳ доштанӣ буд. Қобили зикр аст, ки соли гузашта низ чунин вазъ ба амал омада буд - пешгӯиҳои ҳукумати Тоҷикистон оид ба сатҳи таваррум амалӣ нагашта, он ба ҷои мизони 7 дарсади барои соли 2007 пешбинишуда ба 19,2 дарсад баробар шуд.
Тарзи интихоб, синну сол ва пули чипта. Ҳамаи шартҳои сафар ба Корея маълум шуд
Freedom Finance Global: Дар Тоҷикистон эътимоди истеъмолкунандагон паст мешавад
Омӯзгор огоҳ карда шуд. Вазорати маориф навори сарзаниши хонандагон аз ҷониби омӯзгорро шарҳ дод
“Рақаму рамзи кортро надиҳед”. Ҳушдори Амонатбонк ба муштариён аз фаъолшавии қаллобон
Таҳқиқот: Дар Тоҷикистон рушди логистика начандон қаноатбахш аст
РМА-и электронӣ чист ва чӣ тавр метавон онро ба даст овард?
Дар Украина “Осори мунтахаб”-и Садриддин Айнӣ бо забони украинӣ нашр шуд
То соли 2050 Осиёи Марказӣ метавонад сеяки пиряхҳои худро аз даст диҳад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Даббоғ ва бӯйи атр”
Тоҷиддин Мардонӣ, шарқшиноси тоҷик ва сафири пешини Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва Туркманистон аз олам даргузашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста