Ҷ иҳати хизмат дар сафи нер ӯ ҳои посдори Созмони Милали Муттаҳид ( СММ ) 5 корманди вазорати корҳои дохилаи То ҷ икистон озими Судон хоҳанд шуд .

Маҳмадулло Асадуллоев, суханг ӯ и вазорати корҳои дохилаи То ҷ икистон, гуфтааст, дар ҳоле, ки аз ҷ умлаи кормандони вазорати корҳои дохилаи То ҷ икистон довталабон 25 нафар будаанд интихоби 5 милисаи то ҷ ик бар асоси озмун аз с ӯ и СММ дар шаҳрҳои Душанбеву Маскав сурат гирифтааст.

Коршиносон ширкати милисаҳои то ҷ ик дар ҳалли муноқишаҳои байнулмилалиро далели умдаи узви ҷ омиъаи ҷ аҳон ӣ шинохта шудани То ҷ икистон арзёб ӣ карда, мег ӯ янд, маҳз дар ин самт та ҷ рибаи нер ӯ ҳои амниятии кишвар коф ӣ набудааст ва ширкати онҳо дар ҳалли ҳамчунин қазияҳо бар обр ӯ и байнулмилалии То ҷ икистон хоҳад афзуд.

Дар ҳамин ҳол, коршинос дар умури сиёс ӣ Абдуллоҳи Ҳаким мег ӯ яд, дар амри посдории сулҳ дар манотиқи низоъ беҳтар мебуд аз афроде истифода шавад, ки барои ба даст овардани сулҳи то ҷ икон хизмат кардаанд. Вай афзуд, азбаси сулҳи то ҷ икон як дастоварди СММ низ маҳсуб мешавад, афроде, ки дар ҳалли низоъи дохилии То ҷ икистон, бахусус дар кори Кумисиюни оштии милл ӣ фаъолият кардаанд, метавонанд дар ҳалли муноқишаҳои байнулмилал ӣ ба созмон кумак расонанд.

Ин аввалин ширкати нер ӯ ҳои амниятии То ҷ икистон дар сафи нер ӯ ҳои посдори сулҳи СММ аст.  

М. Асадуллоев афзуд, барои ширкат дар ҳифзи сулҳ дар манотиқи ноамни ҷ аҳон боз 4 милисаи то ҷ ик омода ҳастанд ва онҳо ҳан ӯ з мунтазири хулосаи СММ ҳастанд, ки барои онҳо макони хизматро интихоб хоҳад кард.