Душанбе. 8-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Рӯзи 16-уми октябр ҳайати Палатаи Федералии иқтисодии Ҷумҳурии Австрия таҳти сарварии ноиби президенти ин палата доктор Рихард Шентс ба Тоҷикистон ташриф меорад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, ҳайати Австрия тақрибан аз 20 намояндаи ширкатҳои соҳаҳои гуногуни саноати ин кишвар иборат буда, боздид бо мақсади таҳким ва густариши муносиботи ҳамкориҳои иқтисодии дуҷониба амалӣ мегардад.
Интизор меравад, ки дар ҷараёни сафвар ҳайати Австрия бо вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва мақомоти роҳбарии Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ дидору гуфтушунид хоҳад кард.
Дар ҳамин ҳол, аз Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки ташрифи муовини Сарвазир-вазири корҳои хориҷии Давлати Қувайт, доктор Муҳаммад Сабоҳ Ас-салом Ас-Сабоҳ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бояд рӯзҳои 13-14-уми октябр сурат мегирифт, ба вақти дигар мавқуф гузошта шуд.
Тарзи интихоб, синну сол ва пули чипта. Ҳамаи шартҳои сафар ба Корея маълум шуд
Freedom Finance Global: Дар Тоҷикистон эътимоди истеъмолкунандагон паст мешавад
Омӯзгор огоҳ карда шуд. Вазорати маориф навори сарзаниши хонандагон аз ҷониби омӯзгорро шарҳ дод
“Рақаму рамзи кортро надиҳед”. Ҳушдори Амонатбонк ба муштариён аз фаъолшавии қаллобон
Таҳқиқот: Дар Тоҷикистон рушди логистика начандон қаноатбахш аст
РМА-и электронӣ чист ва чӣ тавр метавон онро ба даст овард?
Дар Украина “Осори мунтахаб”-и Садриддин Айнӣ бо забони украинӣ нашр шуд
То соли 2050 Осиёи Марказӣ метавонад сеяки пиряхҳои худро аз даст диҳад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Даббоғ ва бӯйи атр”
Тоҷиддин Мардонӣ, шарқшиноси тоҷик ва сафири пешини Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва Туркманистон аз олам даргузашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста