Душанбе. 9-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Ду нафар донишҷӯдухтарони тоҷик - донишҷӯи Донишгоҳи Пекин Манижа Сайфуллоева ва донишҷӯи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Фирӯза Ғаниева донандаи беҳтарини таърихи муносиботи Тоҷикистону Чин эътироф шуданд.
Аз сафорати Тоҷикистон дар Чин ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки онҳо дар озмуни чанде қабл эълонннамудаи сафорат дар ин мавзӯъ ғолиб дониста шудаанд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар озмун ҳудуди 30 нафар ширкат варзида, ба 15 суоли пешниҳодшуда дар мавзӯи таърихи муносиботи Тоҷикистону Чин назари худро иброз доштаанд. Ҳамчунин довталабон дар мавзӯи «Нақши ман дар муносиботи ҳамкории Тоҷикистону Чин» иншои начандон бузурге низ навиштанд.
Зикр гардид, ки сафири Тоҷикистон дар Чин Рашид Олимов дар ҳузури донишҷӯёни тоҷик, ки дар макотиби олии Чин таҳсил мекунанд, ба Манижа Сайфуллоев тӯҳфаи арзишманди хотиравӣ тақдим намуд. Тӯҳфаи Фирӯза Ғаниева ба Тоҷикистон фиристода шуд.
Қобили зикр аст, ки дар давоми 15 сол шумораи донишҷӯёни Тоҷикистон дар Чин 12 маротиба афзудааст ва ин гувоҳи густариши ҳамаҷонибаи муносиботи кишварҳо дар ҳама соҳаҳо мебошад.
Тарзи интихоб, синну сол ва пули чипта. Ҳамаи шартҳои сафар ба Корея маълум шуд
Freedom Finance Global: Дар Тоҷикистон эътимоди истеъмолкунандагон паст мешавад
Омӯзгор огоҳ карда шуд. Вазорати маориф навори сарзаниши хонандагон аз ҷониби омӯзгорро шарҳ дод
“Рақаму рамзи кортро надиҳед”. Ҳушдори Амонатбонк ба муштариён аз фаъолшавии қаллобон
Таҳқиқот: Дар Тоҷикистон рушди логистика начандон қаноатбахш аст
РМА-и электронӣ чист ва чӣ тавр метавон онро ба даст овард?
Дар Украина “Осори мунтахаб”-и Садриддин Айнӣ бо забони украинӣ нашр шуд
То соли 2050 Осиёи Марказӣ метавонад сеяки пиряхҳои худро аз даст диҳад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Даббоғ ва бӯйи атр”
Тоҷиддин Мардонӣ, шарқшиноси тоҷик ва сафири пешини Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва Туркманистон аз олам даргузашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста