Душанбе. 17-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Дар давоми чанд р ӯ зи охири соли равон қурби миёнаи хариду фур ӯ ши доллари ИМА ба якчанд банд зиёд шуда, ба ҳисоби миёна дар шаҳри Душанбе 3,8950 – 3,9250 сомониро ташкил дод. Дар бозорҳои байнибонк ӣ ва дохилибонк ӣ бошад, баръакс аз 3,8858 то 3,8721 сомон ӣ поин рафт.

Ҳамзамон, қурби миёнаи хариду фур ӯ ши рубли рус ӣ ва евро каме тағйир ёфта, мутаносибан 0,1150-0,1160 ва 5,0900-5,1400 сомониро ташкил доданд.

Вазъияти дар бахшҳои бозорҳои байнибонк ӣ ва дохилибонкии асъор ба миёномада, аз то андозае зиёд шудани талабот ба рубли рус ӣ дарак медиҳад, ки қурби миёнаи он дар сатҳи 0,1672 сомон ӣ қарор ги- рифт, қурби миёнаи евро бошад, каме поён рафта, 5,1550 сомониро ташкил дод.

Дар айни замон қурби хариду фур ӯ ши доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе 3,90 – 3,92 сомониро ташкил медиҳад. Дар ин бора аз маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.