Душанбе. 17-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде қабл дар мулоқоти вазири кишоварзии ҶТ Қосим Қосимов ва сафири Канада дар ҶТ Маргарет Скот масоили дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи кишварҳо дар бахши кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Чӣ тавре ки аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, Қ.Қосимов таҷрибаи давлати Канада дар масъалаи таъсиси ширкатҳои суғуртавӣ дар бахши кишоварзиро муваффақона арзёбӣ намуда, аз сафир хоҳиш кардааст, ки дар самти роҳандозии   чунин фаъолият дар Тоҷикистон вазоратро дастгирӣ намояд.

«Тоҷикистон оянда аз маблағгузории бевоситаи бахши кишоварзӣ даст кашида, ба суғуртакунии хавфҳои соҳа мегузарад ва истифода аз таҷрибаи таҷрибаи Канада дар ин самт барои мо хеле муҳим аст», - гуфтааст вазири кишоварзии ҷумҳурӣ.