Душанбе. 8-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Дар наздикии марзи давлатии Афғонистону Тоҷикистон шаҳрванди кишвари ҳамсоя бо миқдори зиёди маводи мухаддир боздошт гардид.

            Тибқи иттилои расида ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати умури дохилии ҶТ, дирӯз зимни баргузории амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар мавзеи Қизил-Сӯи ноҳияи Фархор шаҳрванди Афғонистон Абдураззоқ валади Абдуғаффор дастгир шуд. «Ӯ бо худ халтае дошт, ки аз дохили он 48 кило маводи мухаддири ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шуд», - гуфт манбаъ.

            Ёдрас мекунем, ки дар семоҳаи авали соли ҷорӣ кормандони ВКД аз 254 амали муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ҷилавгирӣ намуда, 780 кило маводи мухаддирро мусодира карданд.