Душанбе. 14-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар шаҳри Душанбе аз ҷониби вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Ғуломҷон Бобозода ва сафири Олмон дар Тоҷикистон Дорис Хертрампф ба маблағи умумии 36 млн. Евро ду санади ҳамкорӣ ба имзо расид.
Созишномаи байниҳукуматии имзошуда дар бораи ҳамкории кишварҳо барои солҳои 2008-2009,
аз ҷониби ҳукумати Олмон ҷудо кардани воситаҳои бурсӣ ба маблағи 29 млн. Евроро пешбинӣ мекунад, ки ба татбиқи лоиҳаҳои рушди маблағгузории хурд дар манотиқи деҳот (4,5 млн.), таъсиси бонки молиявии хурд (марҳилаи саввум – 2,5 млн.), ҳифзи солимии модару кӯдак ва беҳбуди низоми кӯмаки таъҷилии тиббӣ (7,4 млн.), мубориза алайҳи бемории сил (4,6 млн.) ва ивази дастгоҳҳои тақсими нерӯи барқ дар нерӯгоҳи Норак (5 млн. Евро) равона хоҳад гардид.
Ғайр аз ин, 5 млн. Евро маблағ барои сохтмони панҷ нерӯгоҳи барқии иқтидори миёна истифода хоҳад гардид, ки яке аз онҳо нерӯгоҳи «Оқсӯ» дар ноҳияи Мурғоб мебошад.
Ҳамчунин ҷонибҳо ба маблағи умумии 7 млн. Евро оид ба ҳамкории фаннӣ созишнома ба тасвиб расониданд. Ин маблағҳои бурсӣ баҳри мусоидат ба рушди соҳибкории хурду миёна, дастгирии маблағгузориҳои хурд ба рушди манотиқи деҳот, суръат бахшидани раванди ислоҳот дар соҳаи маълумоти касбиву ибтидоӣ ва таъсиси бунёди пардохти ташхисҳо пешбинӣ шудаанд.
Ба гуфтаи Ғ.Бобозода, аз замони шурӯъи ҳамкориҳои молиявӣ ва фаннӣ миёни кишварҳо маблағи умумии ҷудогардида 119,3 млн. Евроро ташкил медиҳад.
“Толибон” истифодаи телефонро ба кормандони давлатӣ манъ карданд
Ҳалокати беш аз 50 нафар дар таркиши кони ангишт дар Эрон
Гиромидошти рӯзи Рӯдакӣ дар Тоҷикистон бо ширкати андаки ҳаводорони шеър
Аз 3 то 8 ҳазор сомонӣ. 40 зан дар Хуҷанд соҳиби гранти раиси шаҳр шуданд
“Инфрасохтори маҳдуд ва сатҳи пасти саводнокии рақамӣ”. Мавқеи поёнтари Тоҷикистон дар рейтинги рушди ҳукумати электронӣ
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи "Муши мағрур"
8 соат дар як шабонарӯз. "Барқи тоҷик" гуфт, дар кишвар расман "лимит"-и барқ ҷорӣ шуд
Ба SIM-кортатон худатон масъулед. Чӣ мешавад, агар он ба дасти каси дигар афтад?
Ҷоми ҷаҳони футзал барои Тоҷикистон поён ёфт
Аз Душанбе то Самарқанд. Муҷассамаҳои одамушшуаро Рӯдакӣ дар шаҳрҳои гуногуни олам
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста