Ҳайбатуллоҳ Охундзода, раҳбари олии “Толибон” дастур додааст, ки истифода аз телефонҳои ҳушманд ба кормандони идороти давлатӣ мамнӯъ ва аз он ҷилавгирӣ шавад. Вазорати маорифи Афғонистон дар мактубе ба шӯъбаву раёсатҳояш дастур додааст, ки ин фармонро иҷро кунанд. Дар ин бора пойгоҳи таҳлилӣ-хабарии IRAF иттилоъ медиҳад.
Дар мактуби раёсати маорифи вилояти Фароҳ, ки 18-уми сентябр расонаӣ шуд, омадааст, ки аз рӯйи дастури роҳбари Толибон истифодаи телефони ҳушмандро дар тамоми бахшҳо, аз ҷумла дар шуъбаҳои маориф ва мактабҳо манъ мекунад.
Дар мактуб гуфта шудааст, ки агар омӯзгорон ё кормандони соҳаи маориф аз телефонҳои ҳушманд истифода кунанд, масъулияти минбаъда ба дӯши роҳбари шуъба ё муассиса аст.
Гуфта мешавад, ки омили аз ҷониби роҳбари “Толибон” роҳандозӣ гардидани ин дастур ифшои аксу наворҳо аз идороти давлатӣ, ки баъдан баҳси зиёдро дар шабкаҳои иҷтимоӣ ба вуҷуд меорад.
Ин мамнуият дар ҳолест, ки “Толибон” қаблан истифодаи телефонҳои ҳушмандро дар муассисаҳои низомии худ манъ карда буданд. Бар асоси гузоришҳо, пас аз ҷорӣ шудани ин дастур “Толибон” садҳо телефони сарбозони худро, ки пинҳонӣ истифода мекарданд, ҷамъ оварданд.
Дар хусуси он ки оё истифодаи телефони ҳушманд дар идороти худи “Толибон” низ мамнуъ аст, иттилоъ мавҷуд нест.
Бо ба сари қудрат омадани “Толибон” як қатор маҳдудиятҳо дар ин кишвар ҷорӣ гардид, ки аксари онҳо ба ҳуқуқи духтарону занон рабт дорад. Аз ҷумла, онҳо таҳсили духтарон дар мактабу донишгоҳҳо, садои занҳо дар расонащо, кӯчаву бозор, инчунин, сайругашти онҳо дар кӯчаҳо ва ғайраро манъ карданд.
Ёдовар мешавем, ки гурӯҳи Толибон 15-уми августи соли 2021 саросари Афғонистонро ғасб карданд ва ба сари ҳокимияти ин кишвар нишастанд. Бо гузашти се сол, баъзе кишварҳои абарқудрат ба мисли Русияву Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба таври ошкору пинҳон бо Толибон ҳамкорӣ мекунанд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - «Афғонистон» бихонед.
Қабули санадҳо барои таҳсил дар хориҷа оғоз шуд. Кадом ҳуҷҷатҳо лозим аст?
Дар Душанбе як ноболиғи 17- сола падарандарашро куштааст
Ҳунарманде, ки бо ифтихор бори театру синаморо мекашад
50 ба 50. Телефон барои санҷиши номи муҳоҷирон дар “рӯйхати сиёҳ” чӣ хел кор мекунад?
Таҳқиқот: Беш аз 58% кӯдакони муҳоҷирон дар Русия забони русиро хуб медонанд
Намояндаи “Барқи тоҷик” гуфтааст, аз маҳдудияту интиқоли барқ ҳангома насозед ва онро сарфа кунед
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Маҷнун ба як сӯ, шутур ба сӯи дигар”
Мавқеи мунтахаби Тоҷикистон дар радабандии ФИФА беҳтар шуд
Дар ҷаласаи Шӯрои амнияти СААД Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтоҳои худ чӣ гуфт?
“Поям дард мекунад”. Дар Хуҷанд қариб 50% автобусҳо аз ҳаракат бозмондаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста