Душанбе. 14-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз КВД «Ширкати алюминии Тоҷикистон» (Талко) бо шарики стратегии худ – ширкати
Hydro Aluminium оид ба масъалаи ҳифзи муҳити зист, меҳнат ва бехатарии корҳо дар саноат Протокол ба имзо мерасонад.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи ширкати «Талко» Саёҳат Қодирова иттилоъ дод, имзои протоколи мазкур ба беҳбудсозии кори ширкат дар мавриди ҳифзи муҳити зист, меҳнат ва бехатарии корҳо дар саноат мусоидат мекунад. «Бо имзои ин санад ҳайати менеҷменти ширкат ба риояи меъёрҳои байнулмилалӣ зимни иҷрои корҳо дар ин самт омодагӣ изҳор намуда, таҳия ва ҷорӣ сохтани Сиёсат ва Стратегияи ширкатро барои солҳои 2010-2013 ба роҳ мемонад», - гуфт сухангӯи ширкат.
С.Қодирова афзуд, яке аз ҳадафҳои стратегия - пайдо намудани шарикон ва дастрасии маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои нав, аз ҷумла «Механизми рушди тоза» мебошад.
“Толибон” истифодаи телефонро ба кормандони давлатӣ манъ карданд
Ҳалокати беш аз 50 нафар дар таркиши кони ангишт дар Эрон
Гиромидошти рӯзи Рӯдакӣ дар Тоҷикистон бо ширкати андаки ҳаводорони шеър
Аз 3 то 8 ҳазор сомонӣ. 40 зан дар Хуҷанд соҳиби гранти раиси шаҳр шуданд
“Инфрасохтори маҳдуд ва сатҳи пасти саводнокии рақамӣ”. Мавқеи поёнтари Тоҷикистон дар рейтинги рушди ҳукумати электронӣ
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи "Муши мағрур"
8 соат дар як шабонарӯз. "Барқи тоҷик" гуфт, дар кишвар расман "лимит"-и барқ ҷорӣ шуд
Ба SIM-кортатон худатон масъулед. Чӣ мешавад, агар он ба дасти каси дигар афтад?
Ҷоми ҷаҳони футзал барои Тоҷикистон поён ёфт
Аз Душанбе то Самарқанд. Муҷассамаҳои одамушшуаро Рӯдакӣ дар шаҳрҳои гуногуни олам
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста