Хуҷанд. 14-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Дар вилояти Суғд аз баргузории семинари байнулмилалӣ бахшида ба таҳлили вазъи сулҳ ва рушд дар водии Фарғона, ки бояд рӯзҳои 13-15-уми май дар шаҳри Қайроққум доир мегардид, даст кашиданд. Созмондиҳандагони чорабинӣ - намояндагони ташкилоти ғайриҳукуматии «Водии сулҳ» (Долина мира) аз шарҳи тафсилот дар ин робита худдорӣ карданд.
Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои расида ба ОИ «Азия-Плюс» аз манбаъҳои мӯътамад, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят пеш аз оғози чорабинӣ баргузории онро манъ кардааст. Сабабҳои манъ кардан ҳанӯз маълум нест.
Ҳайати кишварҳо ва коршиносони минтақаи Осиёи Марказиву як қатор кишварҳои Аврупо, ки ҷиҳати иштирок дар семинар ба Тоҷикистон омада буданд, ҷумҳуриро тарк мекунанд. Дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» яке аз намояндагони созмони мададрасони аврупоӣ изҳор дошт, ки ӯ мехост «дар ин семинар аз вазъи дараҷаи муҳофизати сармояи хориҷӣ ва имконоти иштироки созмонҳои мададрасони Комиссияи Аврупо дар лоиҳаҳои минтақавӣ баҳри коҳиши вазъи низоъ дар водии Фарғона огаҳии бештару муфассал пайдо намояд».
Ёдрас мекунем, ки бояд рӯзҳои 13-15-уми май дар шаҳри Қайроққум бахшида ба мавзӯи таҳлили ваъзи сулҳ ва рушд дар водии Фарғона семинар баргузор мегардид.
Чӣ тавре ки қаблан ба ОИ «Азия-Плюс» аз дафтари кори журналистони MGM дар шаҳри Хуҷанд хабар дода буданд, ҳадаф аз баргузории чорабинӣ - мушаххас сохтани самтҳои афзалиятноки ноил гардидан ба раванди сулҳ ва рушди муколама миёни ниҳодҳои гуногуни ҷомеа барои рафъи монеъаҳо дар роҳи эҷоди сулҳ аст.
Тоҷикистон боз ба Низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ пайваст: акнун дигар лимит намешавад?
Аз соҳибкорӣ ва ноустуворӣ дар сиёсат то вакиливу боздошт. Усмонзода кист ва чаро боздошт шуд?
Медали тилло ва нуқраи қаиқрони тоҷик дар Чемпионати Осиё
Далер Ҷумъа: 70%-и барқи неругоҳи “Роғун” барои содирот пешбинӣ шудааст
Мақомот боздошти Акбаршо Искандаровро тасдиқ ё рад намекунанд
Парда Қосим, овозхони шинохтаи тоҷик аз олам даргузашт
Субҳон Ҷалилов мудири барномаҳои радиои “Азия - Плюс” шуд
“Ҳуқуқи мо”: Лоиҳаи нави “Азия-Плюс” барои муҳоҷирон
Боздиди рӯзноманигорони Чин аз Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои чашми Душанбе
Раиси пешини Ҷаббор Расулов аз боздошт раҳо шуда, ҳоло дар вазифаи дигари давлатӣ кор мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста