Душанбе. 14-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде пеш аз рӯи натиҷаҳои мулоқоти мақомоти раҳбарии бахши иқтисодиву иҷтимоии ҳукумати ҶТ ва намояндагони созмонҳои мададрасон изҳороти муштарак қабул гардид, ки дар он гуфта мешавад, иқтисоди Тоҷикистон аз таъсири пайомадҳои буҳрони молӣ ба мушкилот рӯбарӯ аст ва ҳукумати Тоҷикистон баҳри рафъи он аз созмонҳои мададрасон кӯмак дархост кардааст.
Дар изҳорот зикр гардидааст, ки вазъи бахши макроиқтисодӣ ғайриинтизор босуръат рӯ ба таназзул мениҳад: дар зарфи чор моҳи аввали сол рушди иқтисодӣ ҳамагӣ 2,9 дарсад аз Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил дода, дар семоҳаи аввал ҳаҷми содирот ба андозаи 41%, воридот – 11%, интиқоли маблағҳои пулӣ - беш аз 30%, ҳаҷми пардохтҳо – 15% коҳиш ёфта, қурби асъори миллӣ ба миқдори 14 % поин рафт.
Дар санади қабулгардида қайд мешавад, ки таҷдиди назари буҷаи соли 2009 ба ҷуз бахши иҷтимоӣ, дар дигар бахшҳо коҳиши ҳаҷми хароҷотро пешбинӣ мекунад.
Намояндагони созмонҳои мададрасон изҳор доштанд, ки
имконоти дастгирии буҷа, пешниҳоди кӯмаки фаннӣ ва лоиҳавиро дар чаҳорчӯбаи барномаҳои худ мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод, вале дар навбати худ ҳукумати ҶТ бояд ҷараёни амалисозии ислоҳот, рушди устувор ва беҳбудӣ дар бахши истифодаи замин, ҳалли қарзҳои соҳаи пахтакорӣ ва фаъолияти озодонаи фермеронро таъмин созад.
Тоҷикистон боз ба Низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ пайваст: акнун дигар лимит намешавад?
Аз соҳибкорӣ ва ноустуворӣ дар сиёсат то вакиливу боздошт. Усмонзода кист ва чаро боздошт шуд?
Медали тилло ва нуқраи қаиқрони тоҷик дар Чемпионати Осиё
Далер Ҷумъа: 70%-и барқи неругоҳи “Роғун” барои содирот пешбинӣ шудааст
Мақомот боздошти Акбаршо Искандаровро тасдиқ ё рад намекунанд
Парда Қосим, овозхони шинохтаи тоҷик аз олам даргузашт
Субҳон Ҷалилов мудири барномаҳои радиои “Азия - Плюс” шуд
“Ҳуқуқи мо”: Лоиҳаи нави “Азия-Плюс” барои муҳоҷирон
Боздиди рӯзноманигорони Чин аз Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои чашми Душанбе
Раиси пешини Ҷаббор Расулов аз боздошт раҳо шуда, ҳоло дар вазифаи дигари давлатӣ кор мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста