Душанбе. 15-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - То имрӯз малах дар беш аз 55 ҳазор гектар замини кишти ҷумҳурӣ паҳн шудааст.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» директори КВД «Мубориза бар зидди малах» Қиёмиддин Ғаниев иттилоъ дод, мутахассисони корхона аз 288 ҳазор гектари пешбинишуда дар майдони 131 ҳазор гектар санҷиш гузарнидаанд ва то имрӯз беш аз 44 ҳазор гектар замини кишт бо маводи кимиёвӣ коркард карда шудааст.
Номбурда мегӯяд, дар вилояти Хатлон аз ҳама бештар ба заминҳои кишт зарар расонида шудааст, ки он ба 44 ҳазор гектар баробар аст. «Дар вилояти Суғд дар майдони 3,5 ҳазор гектар малахҳо ба мушоҳида расида, то ҳанӯз хавфи паҳншавии бештари он дар ин минтақа вуҷуд дорад», - гуфт ӯ.
Қ.Ғаниев афзуд, айни замон барои мубориза баҳри пешгирии паҳншавии ин ҳашароти зараррасон 26 трактор бо дастгоҳҳои гуногуни чангпош, 1 ҳазору 59 адад чангпошакҳои дастӣ ва 1,5 ҳазор нафар одамон сафарбар шудаанд.
Тоҷикистон боз ба Низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ пайваст: акнун дигар лимит намешавад?
Аз соҳибкорӣ ва ноустуворӣ дар сиёсат то вакиливу боздошт. Усмонзода кист ва чаро боздошт шуд?
Медали тилло ва нуқраи қаиқрони тоҷик дар Чемпионати Осиё
Далер Ҷумъа: 70%-и барқи неругоҳи “Роғун” барои содирот пешбинӣ шудааст
Мақомот боздошти Акбаршо Искандаровро тасдиқ ё рад намекунанд
Парда Қосим, овозхони шинохтаи тоҷик аз олам даргузашт
Субҳон Ҷалилов мудири барномаҳои радиои “Азия - Плюс” шуд
“Ҳуқуқи мо”: Лоиҳаи нави “Азия-Плюс” барои муҳоҷирон
Боздиди рӯзноманигорони Чин аз Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои чашми Душанбе
Раиси пешини Ҷаббор Расулов аз боздошт раҳо шуда, ҳоло дар вазифаи дигари давлатӣ кор мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста