Суди шаҳри Душанбе сокини 53 солаи пойтахт Муборак Абдураҳмоноваро барои куштори хонандаи синфи 1-и мактаби рақами 50-и шаҳри Душанбе Аҳмадҷон Абдураҳмонов гунаҳкор дониста, ба 16 соли зиндон маҳкум кардааст. Дар ин бора ВКД дар як гузориши видеоӣ хабар медиҳад.
Манбаъ бо такя ба суд гуфтааст, ки маҳкумшуда кӯдакро бо роҳи фиреб ба манзили истиқоматиаш даъват карда, латукӯб намудааст ва сарашро ба девор задаст.
Бояд гуфт, ки Аҳмадҷоне, ки се моҳ пеш аз сӯи як хеши падараш ба қатл расида буд, 2 рӯз пеш, 7 июн 7-сола мешуд
Хонаводаи ин кӯдак дар суҳбат бо “Азия плюс” гуфта буданд, ки дар ин рӯз ба ҷойи таҷлили зодрӯзи ӯ дар хона, мераванд ва қабрашро тоза мекунанду дуо мехонанд.
Бояд гуфт, ки ҳодисаи куштор Аҳмадҷон 5 март, дар хонае воқеъ дар кӯчаи Олег Кошевойи ноҳияи Синои пойтахт рух дод. Дар ин хона ҷасади писарчаи 7-соларо бо аломатҳои марги маҷбурӣ пайдо карданд.
Яке аз хешовандони кӯдак дар ин робита гуфта буд, ки онҳо мурофиаи судиро бесаброна интизоранд, то ки сабаби ба ин амал даст задани занро бифаҳманд.
- Аз соли 2007 ҳамсари бародараш бо ин зан гап намезад, вале ӯ мегӯяд, ки бар асари нофаҳмии оилавӣ ин корро кардааст”, - иброз дошт ин хеши кӯдак.
Муборак Абдураҳмоноваи 53-сола баъди 8 рӯзи содир шудани ҷиноят ба гумони куштор боздошт шуд.
Додситонии ноҳияи Синои пойтахт охири моҳи апрел алайҳи Муборак Абдураҳмонова парвандаи ҷиноӣ боз кард. Абдураҳмонова дар як гузориши телевизионӣ иқрор шуд, ки ин ҷиноятро бар пайи хусумати хонаводагӣ бо ҳамсари бародари шавҳараш, содир кардааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Дар пайи вокуниши ҷомеаи Русия. Бастрикин хост, тақдими хона ба як оилаи тоҷикро санҷанд
Аз форуму фестивал то консерт ва бузкашӣ. Имсол Наврӯзро дар Душанбе чӣ гуна ҷашн мегиранд?
FSD - аз ҷониби Фонди PATRIP маблағгузорӣ мешавад
Боздошт ва 15 сол ҳабси роҳбари як гуруҳи ҷиноятӣ дар Ҷайҳун баъди 26-сол
Кӯдакони тоҷик пас аз ҷаррроҳии дил дар Чин ба ватан баргаштанд
Тоҷикистон ба мардуми Ғазза кумаки башардӯстона фиристод
Мансабдорони тоҷик ба суолҳои рӯзноманигорон посух медиҳанд
“Рӯз аз рӯз вазъ бадтар”. Чаро ва чӣ гуна Русия фаъолияти муҳоҷиронро маҳдуд мекунад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ҳамсари дузди бадкор”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 январи соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста