Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон мегӯяд, ки парвандаи қатли пурсарусадои чор узви як хонаводаро додситонии ин ноҳия таҳқиқ мекунад. Субҳи имрӯз як корманди масъули ШВКД-и ноҳияи Ҷайҳун ба “Азия-Плюс” дар як суҳбати кӯтоҳи телефонӣ гуфт, ки ҳама кор дар дасти додситонӣ аст ва аз он ҷо бипурсед.
Аммо аз додситонии ин ноҳия мегӯянд, ки таҳқиқи ин ҳодиса ба ихтиёри Додситонии вилоят супурда шудааст ва тамоми ҷузъиёти ҳодиса ба дасти онҳост.
Ҳодисаи ба таври фоҷиавӣ куштани чор узви як хонавода дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон субҳи 12 июн рух додааст, ки бино ба хабарҳои дарёфтӣ падари хонавода бо се фарзандаш бо табар ё олоти дигари монанд ба таври бераҳмона кушта шудаанд.
Бо гузашти наздик ба се рӯз мақомоти қудратии Тоҷикистон ин ҳодисаро шарҳ намедиҳанд.
Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ин ҳодисаро дар рӯзи ба вуқуъ омаданаш тасдиқ кард ва гуфта буд, ки баъдтар ҷузъиёти дигари ҳодисаро барои расонаҳо шарҳ медиҳад. Вале бо гузашти чанд рӯз ин ҳодиса то кунун расман шарҳ дода нашудааст.
Субҳи имрӯз ба “Азия-Плюс” дар ШВКД ноҳияи Ҷайҳун дар суҳбати телефонӣ гуфтанд, ки ин парвандаро додситонии ноҳия пеш мебарад ва ҷузъиёти онро бояд аз он ҷо бипурсем. Дар ин ниҳод ҳамчунин гуфтанд, ки дертар занг бизанем яке аз муовини сардори ШВКД ҳодисаро шарҳ медиҳад, вале баъдтар тамос гирифтем, гуфтанд “мо чизеро намедонем” ва тамосро қатъ карданд.
Талошҳои мо барои ба даст овардани маълумот аз додситонии ноҳияи Ҷайҳун натиҷа надод. Аз додситонии ноҳия гуфтанд, ки парванда дар ихтиёри муфаттишони Додистонии вилояти Хатлон аст. Дар як суҳбати кӯтоҳи телефонӣ дар Додситонии вилоят ба "Азия-Плюс" гуфтанд, ки мо аз ин ҳодиса хабар надорем.
Ҳамчунин дар замони таҳияи ин матлаб мо натавонистем, ки аз дафтари матбуоти ВКД маълумоте ба даст биоварем.
Дар ин ҳодиса падари хонавода бо се фарзанди ноболиғаш кушта шудаанд, сину соли фарзандонаш то 15-сола гуфта мешавад (Аксҳои ҳодиса ва ному насаби кӯдакони кушташуда ҳам дар ихтиёри "Азия-Плюс" ҳаст, вале ба далелҳои ахлоқӣ нашр намешаванд).
Аз падари хонавода Аҳлиддин Маҳмадови 39-сола ном бурда мешавад. Ин ҳодиса дар деҳаи Тарғоки совхози собиқи ба номи Жданов рух додааст. Модари ин хонавода бо як писари 11-солааш тавонистаанд, ки фирор кунанд ва ҳоло дар беморхона таҳти муроқибати пизишкон қарор доранд.
Ҳарчанд далелҳои сар задани ин куштор то кунун маълум нест, аммо бар асоси иттилое, ки мо аз яке аз наздикони ин хонавода, ки ҳоло дар хориҷ аз кишвар қарор дорад ба даст овардем, ҳоло мақомот се нафарро бо гумони даст доштан дар ин ҳодиса дастгир кардаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Тарзи интихоб, синну сол ва пули чипта. Ҳамаи шартҳои сафар ба Корея маълум шуд
Freedom Finance Global: Дар Тоҷикистон эътимоди истеъмолкунандагон паст мешавад
Омӯзгор огоҳ карда шуд. Вазорати маориф навори сарзаниши хонандагон аз ҷониби омӯзгорро шарҳ дод
“Рақаму рамзи кортро надиҳед”. Ҳушдори Амонатбонк ба муштариён аз фаъолшавии қаллобон
Таҳқиқот: Дар Тоҷикистон рушди логистика начандон қаноатбахш аст
РМА-и электронӣ чист ва чӣ тавр метавон онро ба даст овард?
Дар Украина “Осори мунтахаб”-и Садриддин Айнӣ бо забони украинӣ нашр шуд
То соли 2050 Осиёи Марказӣ метавонад сеяки пиряхҳои худро аз даст диҳад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Даббоғ ва бӯйи атр”
Тоҷиддин Мардонӣ, шарқшиноси тоҷик ва сафири пешини Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва Туркманистон аз олам даргузашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста