Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, ки интизор меравад тафтиши парванди Иззат Амон ҳамин моҳ ба поён бирасад ва ба додгоҳ ирсол шавад.
Ба гуфти Шариф Қурбонзода, сардори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти корҳои дохилии Додситонии кулли Тоҷикистон, то кунун алайҳи Иззат Амон 12 шаҳрванд муроҷиат кардааст, ки гумонбар давоми солҳои 2014-2020 аз он онҳо маблағҳои гуногунро барои анҷом додани корҳои муайян гирифта, фиреб додааст.
"Ҳоло муайян шудааст, ки Холов Иззатуло аз ин шаҳрвандон маблағҳоро барои аз маҳбас озод кардани хешовандонашон, барои қонунӣ кардани будубошашон ва барои бекор кардани қарори ихроҷашон аз ҳудуди Русия ва корҳои дигар гирифта, маблағҳоро аз худ намудааст. Ҳаҷми умумии зарари расида ба ин 12 нафар 630 ҳазор рубли русӣ ва 1000 доллари амрикоиро дар бар мегирад",-гуфт ин масъули Додситонии кулл.
Дар ҳоли ҳозир аз ҳамин зарари расида, танҳо ба як нафар 5 ҳазор рубл баргардонида шудаасту халос,- гуфт Қурбонзода.
Муттаҳам шудани Иззат Амон ба аз худ кардани ин миқдор маблағ аз сӯйи додситонӣ дар ҳолест, ки пештар наздикони ӯ бархе даъвоҳоро беасос дониста, гуфта буданд, ки худи Иззат Амон бархе аз шикояткунандаҳоро умуман намешиносад.
Қазияи Иззат Амон яке аз қазияҳои пурсарусадо дар Тоҷикистон аст. Баъди дар Русия бедарак ва дар Тоҷикистон боздошт шудани ин ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, бархе аз муҳоҷирони тоҷик дар русия даст ба эътирози оммавӣ заданд.
Иззат Амон, роҳбари "Маркази тоҷикон" дар Маскав ва яке аз ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия рӯзи 25-уми март дар Русия нопадид шуд ва наздиконаш ба расонаҳо гуфтанд, ки дигар ӯро пайдо карда наметавонанд. Баъдан Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон эълон кард, ки Русия ҳаққи шаҳрвандии Иззат Амонро бекор ва ӯро ихроҷ кардаасту ӯ ба Душанбе баргаштааст.
ВКД гуфт Иззат Амонро дар Душанбе боздошт кардааст ва алайҳи ӯ бо гумони "қаллобӣ ба миқдори махсусан калон" (қисми чаҳори моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ) парванда боз кардааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Тарзи интихоб, синну сол ва пули чипта. Ҳамаи шартҳои сафар ба Корея маълум шуд
Freedom Finance Global: Дар Тоҷикистон эътимоди истеъмолкунандагон паст мешавад
Омӯзгор огоҳ карда шуд. Вазорати маориф навори сарзаниши хонандагон аз ҷониби омӯзгорро шарҳ дод
“Рақаму рамзи кортро надиҳед”. Ҳушдори Амонатбонк ба муштариён аз фаъолшавии қаллобон
Таҳқиқот: Дар Тоҷикистон рушди логистика начандон қаноатбахш аст
РМА-и электронӣ чист ва чӣ тавр метавон онро ба даст овард?
Дар Украина “Осори мунтахаб”-и Садриддин Айнӣ бо забони украинӣ нашр шуд
То соли 2050 Осиёи Марказӣ метавонад сеяки пиряхҳои худро аз даст диҳад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Даббоғ ва бӯйи атр”
Тоҷиддин Мардонӣ, шарқшиноси тоҷик ва сафири пешини Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва Туркманистон аз олам даргузашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста