Мардуми Тоҷикистон охири ҳафтаи равон ва аввали ҳафтаи оянда 3 рӯз, аз 6 то 8 ноябр истироҳат мекунанд. Дар ин бора муовини раиси Иттифоқҳои касаби Тоҷикистон Исмоил Файзизода ба “Азия - Плюс”хабар дод.
Мавсуф гуфт, ки се рӯзи пайи ҳам омадани рӯзи истироҳат ба таҷлили Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон марбут аст, ки тибқи қонунгузорӣ агар рӯзҳои ид ба рӯзи истироҳат рост оянд, рӯзи кории баъди истироҳатӣ рӯзи истироҳатӣ эълон мешавад.
- Аз сабаби он ки имсол, рӯзи 6 ноябр, ки ҷашни Конститутсия мебошад, ба рӯзи шанбе рост меояд, тибқи қонунгузорӣ рӯзи душанбе истироҳат аст,- гуфт Файзизода.
6 ноябри соли 1994 - дар натиҷаи райпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Баъдтар, вобаста ба тағйир ёфтани вазъи сиёсиву ҷамъиятии мамлакат дар натиҷаи райпурсии умумихалқӣ - 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағийроту иловаҳо ворид карда шудаанд.
Ҳамчунин 22 майи соли 2016 дар Тоҷикистон раъйпурсии умумихалқӣ барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар натиҷаи ворид кардани тағйирот, калимаи Сарқонун аз байн гирифта шуда, танҳо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ монда.
6 ноябр - тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид", рӯзи истироҳат муқарар шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Ба зоирон ҳам дахл дорад. Як талаби ҳатмии Арабистон аз мусофироне, ки ба ин кишвар мераванд
Боздошти як ҷавон бо иттиҳоми куштори холааш дар Душанбе
“Баҳси раводид ҳал шуд”. Низоми раводид миёни Тоҷикистону Эрон пурра лағв гардид?
CPJ Тоҷикистонро барои саркӯби рӯзноманигорон танқид кард
Ҳалокати 5 кас дар пайи офатҳои табиии соли гузашта дар шимоли Тоҷикистон
Истеҳсолкунандаи 10 дарсад барқи Тоҷикистон. Аз мавриди истифода қарор гирифтани НБО “Сангтӯда-1” 17 сол пур шуд
Кор дар Литва. Киҳо метавонанд муроҷиат кунанд ва маош чӣ қадар аст?
“Тафсир”: Бозгашт ба “рӯйхати сиёҳ”-и Русия. Баъд аз 5-уми феврал барои муҳоҷирон чӣ тағйир меёбад?
Парвози нахустини хатсайри Душанбе-Панҷакент-Душанбе боз ба таъхир афтод
Боздошти як ҷавони 22-сола барои пахш кардани корманди БДА
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста