Тоҷикистон барои амалиёти дастаҷамъонаи сулҳофарӣ дар доираи СПАД ба Қазоқистон 200 сарбоз мефиристад. Интизор меравад онҳо бегоҳи имрӯз, 6 январи соли 2022 ба ин кишвар раванд.
Дар ин бора хабаргузории “РИА Новости” бо такя ба манбааш дар мақомоти қудратии Тоҷикистон хабар медиҳад.
“Ҳама ин сарбозон ба нерӯҳои ҳофизи сулҳи Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ шомиланд, дар омӯзишҳои зиддитеррористии СПАД, чӣ дар Тоҷикитстон ва чӣ дар кишварҳои дигар ширкат кардаанд”,- гуфтааст манбаъ.
Ба гуфтаи ӯ ҳамаи ин сарбозон ба адои вазифаи худ дар ҳифзи тартибот ва ҳимояи иншооти низомӣ омодаанд.
Манбаъ гуфтааст, ки гурӯҳ омодааст ва имкон дорад бегоҳи имрӯз, 6 январ ба Қазоқистон ирсол карда шавад.
Субҳи имрӯз, Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон бо нашри як изҳорот гуфт, ки Тоҷикистон дар доираи СПАД ба Қазоқистон неру мефиристад.
Дар ин изҳорот, ки дар сомонаи расмии ВКХ Тоҷикистон нашр шудааст, инчунин гуфта мешавад, ин кишвар ривоҷи воқеаҳо дар Қазоқистонро пайгирӣ менамояд ва аз пайдо шудани гурӯҳҳои
Имрӯз, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар гуфтугӯ бо раисҷумҳури Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ва раиси Шӯрои СПАД Никол Пашинян изҳори омодагии ирсоли сарбозон карда буд.
Қаблан Арманистон ҳам аз омодагии ирсоли гурӯҳи 70-нафара хабар дода буд.
Гуфта мешавад парлумони Қирғизистон дар ҳоли баррасии масъалаи ирсоли нерӯ ба кишвари ҳамсояаш аст. Дар ҳамин ҳол фаъолони қирғиз ба эътироз баромадаанд ва талаб доранд ҳукумат ба ҳамсоякишвар нерӯ нафиристад.
Ёдовар мешавем, ки бо дархости президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД тасмим гирифта буд, ки барои ба эътидол овардани вазъият ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар Қазоқистон, ки узви ин созмон аст, як воҳиди неруҳои посдори сулҳро ба ин кишвар сафарбар мекунад.
Дар Қазоқистон рӯзи якшанбе алайҳи болоравии нархи гази моеъ эътирозҳои оммавӣ оғоз гардиданд. Гирдиҳамоиҳо нахуст дар шаҳри Жанаозени вилояти Мангистау оғоз гардида, сипас дар дигар шаҳрҳо идома ёфтанд.
Дар пасманзари эътирозҳо ҳукумати Қазоқистон ба истеъфо рафт. Дирӯз президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев изҳор дошт, ки Нурсултон Назарбоев дигар раиси Шӯрои амнияти кишвар нест.
Рӯзи 5 январ президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев изҳор дошт, ки дастандаркорони бетартибиҳо дар Қазоқистон “гуруҳҳои террористии аслан байнулмилалӣ буда, дар хориҷи кишвар аз тамрини ҷиддӣ гузаштаанд ва ҳамлаи онҳо ба Қазоқистон бояд як амали таҷовузкорона арзёбӣ шавад”.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Қобилияти хариди аҳолии Тоҷикистон дар 10 соли чӣ қадар тағйир ёфтааст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 январи соли 2025
“Шумо дар Эрон... эҳсоси ғурбат намекунед” ё “бе сармоягузорӣ ҳам ба Тоҷикистон биёед”. Суханҳои самимии Эмомалӣ Раҳмон ва Масъуд Пизишкиён
Маҷлиси солонаи ҳукумат. Киҳо ба президент ҳисобот доданд ва чӣ гуфтанд?
“Дурахшандагон”. Дар Тоҷикистон барои таҳсил дар хориҷи кишвар 170 стипендияи президентӣ ҷудо гардид
Боздошти 2 узви “Толибон” бо гумони интиқоли маводи мухаддир ба Тоҷикистон
“ҲСДТ номзад пешниҳод накард”. Муҳлати пешбарии номзадҳо ба интихоботи парлумонӣ ба анҷом расид
Рӯзҳои истироҳатӣ дар кишвар ҳаво якбора сард шуда, борону барф меборад
Парвози аввалини хатсайри Душанбе – Панҷакент бори дигар ба таъхир гузошта шудааст
“Ҳамос” ва Исроил созиши оташбасро имзо карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста